ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 30 ЯНВАР ТО 1 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ЯХБАНДӢ ВА ТУМАН ПЕШБИНӢ МЕШАВАД

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, аз 30 январ то 1 феврали соли 2022 дар бархе манотиқи Тоҷикистон ва ағбаҳои кӯҳистон хатари яхбандӣ боло гирифта, фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад.

Ба ин далел Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аз сокинон хостааст, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Аз ҷумла аз ронандгон хоста шудааст, ки хеле боэҳтиёт ва бодиққат бошанд ва ронандагони камтаҷриба дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.  Аз ронандагон ҳамчунин хоста шудааст, ки то куҷо ба шароити роҳ мутобиқ будани резини чархҳои мошини худро тафтиш кунанд ва ба ҳеҷ ваҷх бо резинаҳои тобистона ба роҳ набароянд. Аз он ҳамчунин хоста мешвад, ки дар роҳ суръати ҳаракат ва фосилаи байни воситаҳои нақлиётро рияо кунанд ва нисбат ба пиёдагардон бодиққат бошанд.

Аз пиёдагардон хоста мешавад, ки бо эҳтиёт ва бидуни шитоб ҳаракат кунанд, болои ях пой нагузоранд ва ҳангоми гузаштан аз роҳи яхбаста ҳамаи кафи пойро ба замин гузошта, қадам гузоранд.  Аз сокинон хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳои кафшҳои зимистонаи зераш дандонадор бипӯшанд ва аз пӯшидани кафшҳои  резини тагаш ҳамвору лағжонак худдорӣ кунанд. Ба мардуми солхӯрда  тавсия дода мешавад, ки бо худ асои махсуси нӯгаш тез бигиранд. Ҳангоми афтидан дар рӯи ях тавсия дода мешавад, ки вақте агар ҳисс кардед, ки меафтед, дар ҷойи худ биншинед, то аз зарби афтиш аз ҷойи баланд худро ҳифз кунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои рӯзҳои туманолуд низ чанд тавсияи худро нашр кардааст:

  • Одамони солхӯрда, кӯдакону наврасон бояд дар чунин ҳаво худро эҳтиёт кунанд. Сайругашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма, бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои лозимаро барои эҳтиёт бо худ дошта бошанд. Дар ҳоли бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд. 
  • Бояд ба миқдори зиёд об нӯшид. Ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва аз ин миқдор ақалан 0,5 литри он оби минералӣ бошад.  
  • Дар тӯли рӯз ҳарчи бештар бояд бо оби сарду форам оббозӣ кард, душ кард (5-20 дақиқа зери оби душ будан манфиат дорад). Ин амал боиси рафъи хастагиву беҳолӣ мешавад. 
  • То имкон доред аз ҳавополоҳое истифода кунед, ки полоишгари муосир доранд.
  • Аз 2 то 3 истакон нӯшидани чойи кабуд дар як рӯз муфид аст.
  • То ҳадди имкон тирезаҳоро баста нигоҳ доред. Агар шумо ба ҳар ҳол ба қароре омадед, ки ҳавои хонаро тоза кунед, пас бояд ҳатман бидонед, ки бадтарин вақти тоза кардани ҳавои хона ин субҳи бармаҳал аст, вақтест, ки ҳама омехтаҳои хатарнок ба қабати рӯизамини мутамарказ мешавад. То нисфирӯзӣ дамо гарм мешавад ва ин омехтаҳо зери таъсири ҷараёнҳои болораванда боло меравад.  Метавонед ба тирезаҳои бози хона дока ё тӯр кашед.
  • Талош кунед зиёд кори ҷисмонӣ анҷом надиҳед. Ҳар кори иловаи ҷисмонӣ нафаскашии шуморо душвор мекунад ва ин ба саломатии шумо таъсири манфӣ мерасонад.
  • Дар ин гуна рӯзҳо духтурон тавсия намедиҳанд, ки шумо аз ҳар гуна линзҳои тамос истифода кунед. Илова бар ин агар чашмонатон бар асари ин чангхок осеб бинанд ва душворӣ пеш оранд, шумо метавонед онҳоро бо доруҳо, аз ҷумла ашкҳои сунъӣ ё табиӣ бишӯед. 

Агар ҳодисаи фавқулодае сар зад, метавонед ба телефони наҷоти 112 ва ё қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button