ВидеоМуҳоҷирон

НОМИ 6 МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ ДАР ВОЛГОГРАД ҲАЛОКШУДА НАШР ШУД

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират рӯйхатти 6 муҳоҷири тоҷикеро, ки шаби 26 январ ба таври фоҷиавӣ дар ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград ба ҳалокат расиданд, нашр кард:

1. Саломов Идибек Мирзохуҷаевичсоли таваллудаш 4 апрели соли 1992;

2. Файзиддинов Нуридин Айнидиновичсоли таваллудаш 4 марти 1985;

3. Кабутов Саидакрам Хусниддиновичсоли таваллудаш 17 феврали соли 2000;

4. Муҳаммадҷони Раҳмоналӣсоли таваллудаш 7 феврали 2000;

5. Файзиддинов Қобилҷон Комилҷоновичсоли таваллудаш 13 марти соли 2001;

6. Файзиддинов Қосимҷон Комилҷоновичсоли таваллудаш 4 июли соли 2002.

Ҷамъияти тоҷикони Волгоград хабар дод, ки қурбониён зодагони ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) ва шаҳри Бохтар будаанд.

Намояндагӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо мақомоти марбутаи Русия дар тамос гардида, ҷиҳати баррасии ҳолати ҳодисаи нохуш бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Волгоград дар тамоси доимӣ мебошад.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур масъулини Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони Сафорати Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани ҳолати мазкур ба шаҳри Волгоград сафарбар гардиданд.  Сафорати Тоҷикистон низ қаблан гуфт, ин ҳодисаро таҳти назорат қарор додааст.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 26 январ дар як ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Среднеахтубинскийи вилояти Волгогради Русия 6 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари заҳролуд шудан аз дуд ҷон бохтаанд.  Ҷасадҳои ин  6 муҳоҷири тоҷикро, ки дар хоҷагии деҳқонию фермерии “Костетский” ба парвариши меваву сабзавот машғул буданд, аз даруни як гармхона пайдо кардаанд. Дар ин фоҷиа танҳо як нафар зинда мондааст. Муҳоҷири  39-сола аз Тоҷикистонро дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳрии клиникии “Ёрии таъҷилӣ” №25 шаҳри Волгоград бурдаанд.

Дар кумитаи тандурустии вилояти Волгоград ба  нашрияи маҳаллии «Городские вести» дар шарҳи ин фоҷиа гуфтаанд: “Дудбарои генератори гармидиҳанда аз кор баромадааст ва дар натиҷа 7 нафар, ҳама  – шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд. Аз ин шумор 6 нафар, ҳама мардҳо, солҳои таваллудашон, 1985б 1992, 2000 (2 нафар), 2001 ва 2002  ҳанӯз то расидани мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ба ҳалокат расидаанд. Як марди дигари соли таваллудаш 1983 ба бемористони №25 интиқол дода шуд”.

Намояндагони Кумитаи тафтишот ва маъмурияти ноҳияи Среднеахтубинский низ ба ҷои фоҷиа рафтаанд. Николай Патрин, раиси ноҳия, ки низ дар ҷои ҳодиса қарор дошт, бархе ҷузъиёти бештари ин фоҷиаро ба нашрияи «Городские вести» гуфт: “Бино ба маълумоти аввалия, 6 коргари хориҷӣ, зодагони Тоҷикистон дар ҳудуди хоҷагии фермерӣ дар гармхона кор мекарданд. Дар онҷо генератореро, ки ҳавои гарм медод, ба кор даровардаанд. Коргарон дар дохили гармхонае буданд, ки бо плёнка маҳкам пӯшида шудааст. Онҳо дар онҷо халтаҳои хокро ҷо ба ҷо мекарданд. Ба сабаби ҳанӯз номаълум генератор аз кор баромадааст ва коргарон ба иллати заҳролуд шудан аз дуд ҳалок шудаанд.”

Хоҷагии деҳқоние, ки ин фоҷиа рӯй дод,ба бародарон Андрей ва Ростислав Костетскийҳо тааллуқ доштааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button