ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои Бадахшон

НАХУСТИН ВОКУНИШИ ОҒОХОНИ IV БА РӮЙДОДҲОИ БАДАХШОН: АЗ ХУШУНАТ ПАРҲЕЗ КУНЕД!

Шоҳзода Карим Оғохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, ки аксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳаб буда, Оғохонро Ҳозиримом ва пешвои мазҳабии худ мешуморанд, дар як паём ба пайравони тоҷикистониаш бо номи “Таълиқаи мубораки Мавлоно Ҳозиримом ба ҷамоати Тоҷикистон” аз 17 январи соли 2022, бори аввал ба рӯйдодҳои ахир дар Бадахшон вокуниш кардааст. Оғохони IV дар таълиқаи муборакаш, ки барои пайравони мазҳаби исмоилӣ ҳукми фармонро дорад ва иҷрояш барои ҳама воҷиб аст, аз пайравони мазҳаби исмоилӣ дар Тоҷикистон  хостааст, ки ба бетартибӣ, хушунат ва амалҳои ғайриқонуние, ки ба сулҳу тартибот халал мерасонанд, роҳ надиҳанд. Вале ба фарқ аз таълиқаҳои қаблиаш, ки ҳатто баъди ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруғ  Оғохон бо назардошти таҷрибаи талхи таърихи чандсадсолаи ин ақалияти мазҳабӣ пайравонашро ба халъи силоҳ ва қатъи мухолифат бо мақомот даъват мекард, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ин дафъа гуфтааст, ки ҷамоати исмоилиҳои Тоҷикистон метавонад масоили худро бо шеваи мусолиматомез дар миён гузорад.

Вале Оғохон дар таълиқааш ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин “давраи ноустувор” фаъолияти сохторҳои Фонди  Оғохон дар Тоҷикистон бояд идома ёбад.

Номаи Оғохон ба номи президент ва аъзои ҷамоати исмоилиҳои Тоҷикистон навишта шудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло президенти ҷамоати тоҷик Шарофат Мамадамбарова, устоди собиқи Донишгоҳи Хоруғ ва хоҳари овозхони шинохтаи зодаи Бадахшон Улфатмоҳ Мамадамбарова мебошад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 ноябр дар пайи марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков, ки соате баъди боздошташ ба таври мармуз ба ҳалокат расид, сокинони Бадахшон ҷанозаи ӯ дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, дар  тӯли 4 рӯз ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкорон дар марги Зиёбековро талаб карданд. Эътироз шоми 28 ноябр дар пайи ваъдаи мақомот ба таҳқиқи ин қазия анҷом ёфт. Вале бо гузашти қариб ду моҳ то ҳол ягон нафар аз афроди дастдошта дар қатли Зиёбеков муайян ва дастгир нашудаанд.

Матни пурраи  таълиқаи мубораки Оғохон ба ҷамоати тоҷикаш чунин аст:

“Президент ва Аъзои азизам.

Рӯйдодҳои охир дар Кӯҳистони Бадахшон бароям бисёр нигаронкунандааш ва дар замоне рух медиҳанд, ки ноустуворӣ дар минтақа  афзоиш ёфтааст. Мехоҳам, ки шумо, чунонки дар гузашта ишора карда будам, ба Ҷамоатам бирасонед, ки ин бениҳояд муҳим аст, то дарк карда шавад, ки халали низом алайҳи Ҷамоат ва инчунин бар зидди кулли аҳолии Тоҷикистони Шарқӣ равона нашудааст. Бино бар ин, ниҳоятан муҳим аст, то ҷамоати ман оромиро нигоҳ дорад ва ба шеваи мусолиматомез амал намояд, дар ҳоле ки ҳукумат аз тариқи ниҳодҳои марбута ба вазъият расидагӣ мекунад.

Ман ҳамеша ба Ҷамоатам тавсия медиҳам, ки ба суннати эҳтиром гузоштанамон ба қонуни сарзамине, ки дар он зиндагӣ мекунанд, содиқ бимонанд. Ҷамоати ман дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ҳама давру замон, бахусус ҳангоми дучор шудан ба буҳронҳо, дорои суннати рафтори масъулона буда ва мехоҳам, ки фарзандони рӯҳониам дар Тоҷикистон бояд ин суннатро идома диҳанд ва ҳамчунин аз мақомот дар барқарории сулҳу оромӣ пуштибонӣ кунанд.

Ман фармонамро бори дигар ба Ҷамоатам такрор мекунам, ки ҳар гуна хушунат, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва дигар амалҳоеро, ки ба қонунҳои сарзамин мухолифанд, рад кунанд. Ман махсусан ба аъзои ҷамоати тоҷикам, дар ҳар куҷое, ки зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳам, ки дар ҳеҷ фаъолияте, ки метавонад боиси халалдор гардидани барқарории сулҳ ва назму тартиботи хуб гардад, ширкат накунанд.

Ҷамоати ман бояд аз такя ба овозаҳо ва тахминҳо худдорӣ намуда, набояд аз тариқи ҳар гуна шабакаҳо, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маълумоте паҳн кунанд, ки он метавонад нодуруст шарҳ дода шуда, нофаҳмиҳо эҷод кунад ва оқибатҳои харобиоварро ба бор биорад. Ҷамоати ман бояд бо эътимод ба маълумоте, ки созмонҳои ҷамоатӣ пешниҳод мекунанд, такя кунад.

Ниҳоят муҳим аст, ки Ҷамоат бояд муттаҳид бимонад, аз ҷумла бо онҳое, ки шумо дар миёнашон зиндагӣ мекунед ва ҳамеша ҳамдигарро дар беҳбуд бахшидан ба сифати зиндагӣ дастгирӣ кунед. Созмонҳои АКДН дар Тоҷикистон чанд даҳсола боз фаъолият доранд ва ман дастур додам, ки фаъолияти онҳо дар ин давраи ноустувор бояд идома ёбад.

Ман мисли ҳамеша таҳаввулоти ҳозираро таҳти назар қарор дода, дар ҳолати зарурӣ ҳидоят ва роҳнамоии минбаъдаро  барои мушкилосон ва барои амнияту бехатарӣ мефиристам.

Бо муҳаббати қалбӣ,

Оғохон.”

https://the.ismaili/tajikistan/talika-mubarak-mawlana-hazar-imam-17-january-2022-tajik

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button