Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЁНИ ЗАНРО БАРДОШТ: БОЗДОШТИ ДУЗДИ НАВРАС ДАР ИСФАРА

Сокини 36-солаи қаблан ҳам судшудаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2019 мошини тамғаи «Киа-Рио»-и  як сокини пойтахтро, ки дар бонк ба гарав гузошта шуда буд, 130 ҳазор сомонӣ фурӯхта, пулашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

хххххххххххх

Як навраси 16-сола аз ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки  рӯзи 5 январ дар маркази хизматрасонии «Аниса» дар шаҳри Исфара аз рӯи мизи корӣ ҳамёни як зани 26-солаи сокини Исфараро бо ҷавоҳироти тиллоӣ, 3 корт ва шиносномааш дуздида, ба ӯ ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Содир шудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби шахси қаблан судшуда

009

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 22-юми июни соли 2019, дар кӯчаи Зарафшони пойтахт марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 244, 245, 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Киа-Рио»-и ба гарав гузоштаашро, ки тибқи шартномаи бонкӣ ҳуқуқи фурӯхтани онро надошт, дидаю дониста ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбат ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

019.jpg

Аз тарафи ШВКД-1 дар шаҳри Исфара нисбати ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, 5-уми январи соли 2022, тахминан соати 11:00, дар маркази хизматрасонии «Аниса»-и шаҳри мазкур бо роҳи пинҳонӣ аз рӯи мизи корӣ 1-адад ҳамёни занонаро, ки дар дохилаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 3-адад корт, 1-адад шиносномаи миллӣ буда, ба зани 26-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button