МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ САРАТОВ ШАҲРВАНДИИ ФАЪОЛИ ТОҶИК ҚАДАМ ИСМАТОВРО БЕКОР КАРД

Додгоҳи кассатсионии шаҳри Саратови Русия рӯзи 13 январ қарори идораи шиносномадиҳии Саратов дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии русии Қадам Исматов, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук ва аз ёрони содиқи раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷон Атовуллоевро ба қувваи худ боқӣ гузошт.  Қазияи шаҳрвандии русии Қадам Исматови 58-сола камокон ду сол боз идома дорад ва соли 2020 ӯ дар ду додгоҳ дар ин масъала баранда ҳам шуд. Вале бо вуҷуди ҳукми додгоҳ, идораи шиносномадиҳии Саратов моҳи сентябри соли 2021 шаҳрвандии Исматовро бекор кард.

Қадам Исматов дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод”  гуфт: Рӯзи 13.1.2022 додгоҳи нави кассатсионии ш.Саратов ин қазияро зи нав дид, вале новобаста ба ҳама исботҳои мо шаҳрвандии маро ғайриқонунӣ эълон кард. Бо сабаби ин ки ман гӯё нишондодхои бардурӯғ пешниҳод карда будаам. Гарчанде исбот надоранд ва агар исботе ҳам доранд, аз бемасъулиятии кормандони масъул сар задааст, на бо айби ман. Муттаассифона,  ин нозукиҳои масъаларо онҳо ба назар нагирифта, яктарафа ҳукм бароварданд.”

Қадам Исматов мегӯяд, вай ҳанӯз соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд, вале имрӯз, бо гузашти 17 сол (!!!) як далели аслии мақомоти Саратов  барои бекор кардани шаҳрвандии ӯ ин аст, ки ӯ гӯё дар суроғае, ки  дар санадҳояш барои гирифтани шаҳрвандӣ пешниҳод карда буд, зиндагӣ намекард.

Қадам Исматов мегӯяд, талош хоҳад кард, ки  то ба Додгоҳи олии Русия биравад ва умедвор аст, ки ба натиҷаи мусбат даст ёфта, шаҳрвандиашро барқарор хоҳад кард.

ҷумла дар суроғае, ки дар санадҳояш нишон дода буд, зиндагӣ намекард.

Шуҳрат Қудратов, адвокати Қадам Исматов қаблан гуфта буд, ки ӯ дар суроғае, ки дар санадҳояш нишон дода буд, расман сабти ном шуда, дар шиносномааш муҳри “прописка” ҳам дошт ва танҳо “айб”–е, ки мақомот ёфтанд,  ин буда, ки номашро дар китоби “домовой” шомил накардаанд.

Маҳрум кардан аз ҳаққи шаҳрвандии Русия таҷрибаест, ки мақомоти он кишвар солҳои охир барои ихроҷу истирдоди намояндагони мухолифини кишварҳои дигари пасошӯравӣ аз он зиёд истифода мебаранд. Барои мисол, дар соли 2015 яке аз роҳбарони “Гуруҳи 24” Мақсуд Иброҳимов, соли 2017 ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каромат Шарипов ва соли 2021 Иззат Амон, боз як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро маҳз дар пайи лағви шаҳрвандиашон ба Тоҷикистон фиристоданд. Мақсуд Иброҳимов ва Иззат Амон дар Тоҷикистон мутаносибан ба 17 ва 9 соли зиндон маҳкум шуданд ва Каромат Шарипов моҳи майи соли 2020 дар Тоҷикистон дар синни 57 вафот кард.

Бисёриҳо тарс доранд, ки Қадам Исматовро низ дар сурати лағви шаҳрвандиаш чунин сарнавишт, яъне ихроҷ ба Тоҷикистон мунтазир аст.

Қадам Исматов, ки солҳои тӯлоние дар вилояти Саратови Русия кору зиндагӣ мекунад ва ҳанӯз дар соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, як нафари дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук, хеле фаъол аст ва тақрибан ҳар рӯз дар бораи масоили доғи Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Ӯ дар шарҳҳои худ сарсахтона аз мақомоти Тоҷикистон барои поймол кардани озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва бепарвоияшон ба мушкилоти мардум ва дар айни замон, аз роҳбарони оппозитсия барои заифӣ, набуди ирода барои сарҷамъ шудану аз як гиребон сар баровардан ва андармонии беш аз ҳад дар қайди ихтилофоти шахсиву дохилӣ интиқод мекунад.

Соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон Қадам Исматовро вориди рӯйхатти сиёҳи “Ахшоси алоқаманд бо терроризм” карда буд.

Бовар меравад, ки мақомоти пулиси Русия бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайи аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани ӯ ва истирдодаш ба Тоҷикистон шудаанд.

Қадам Исматов бори аввал дар аввали соли 2020 вақте барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагиаш ба ГИБДД – собиқ ГАИ – рафт, хабар ёфт, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Дар онҷо ному насаби вайро дар компутар зада, бидуни кадом шарҳе фармуданд, ки ба Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов бояд биравад.

Дар Сарраёсати пулис ба Қадам Исматов хабар доданд, ки ӯ аз 24 ноябри соли 2016 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти кофтукови байналмилалӣ қарор дода шудааст. Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон ба зидди Қадам Исматов бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд:

1)Моддаи 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ))

2)Моддаи 189, қисми 3 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккил)

3)Моддаи 307, қисми 3 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ)

4)Моддаи 307.1, қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет)

5)Моддаи307.2, қисми 2 (узвият дар иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)

6)Моддаи 307.3, қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,)

Мақомоти Тоҷикистон Қадам Исматовро ба он гунаҳкор кардаанд, ки бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва бо роҳбарони оппозитсия, аз ҷумла бо Додоҷон Атовуллоев, Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев ҳамкории зич дорад.

Аммо Қадам Исматов мегӯяд, дар ҳақиқат узви раёсати Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷон Атовуллоев буд, вале бо “Гуруҳи 24” ва ҳеҷ кадом аз дигар гуруҳҳои мухолиф ва раҳбарони онҳо иртиботе надорад.

Лағви шаҳрвандии Қадам Исматов ва эҳтимоли ихроҷаш ба Тоҷикистон дар ҳолест ки моҳи декабри соли 2019 Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси қонуни афв парвандаи ҷиноятӣ ва қарори кофтукови байналмилалии Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созанда, созмонеро, ки Қадам Исматов барои узвият ва тарафдорӣ аз он таҳти кофтуков қарор гирифтааст, бекор кард ва гуфт, Атовуллоев акнун метавонад озодона ба Ватан баргардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button