Номаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

“ДИЛЗАНАК-2022” Ё МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 20 январ дар бинои ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ба кор кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, дар ин маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда мешаванд. Бино ба ин манбаъ, дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок мекунанд.

Ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳар сол моҳи январ баргузор мешаванд, дар байни мардум ва дар матбуот бо номи “Дилзанак” маъруф шудаанд, чунки дар солҳои қабл аксари тасмимҳои муҳими кадрӣ дар ҳамин ҷаласа ё баъди он гирифта мешуд.

Дар солҳои пеш ҷараёни ин маҷлис, ки қариб аз субҳ то шом давом мекард, тавассути телевизион намоиш дода мешуд ва мавридҳое ҳам буд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон мансабдорони баландпояро аз дохили толори ҳамин ҷаласа аз кор пеш мекард. Бори охир бо чунин шева ӯ дар ҷаласаи ҷамъбастии соли 2018 мудири ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва раиси “Амонатбонк”ро аз толори маҷлис “Ба шумо ҷавоб!” гуфта, бароварда, пеш карда буд.

Вале тақрибан се соли охир ҷараёни ҷаласаҳои ҷамъбастии ҳукумат тавассути ТВ намоиш дода намешаванд ва Эмомалӣ Раҳмон низ дигар ба таври намоишкорона мансабдорони баландпояро дар маҳзари ом аз кор пеш намекунад.

Ҷаласаи имсола ё “Дилзанак-2022” нахустин ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон баъди ба дасти Толибон уфтодани қудрат дар Афғонистон, мавҷи нави нооромиҳо дар Бадахшон ва эътирозҳои хунини аввали моҳи январ дар Қазоқистон мебошад.

Бисёре аз таҳлилгарон бар инанд, ки ин ҳаводис зарурати тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати дохилӣ ва берунии ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва ба ин тартиб, зарурати тағйироти низ ҷиддии кадрӣ дар таркиби ҳукуматро пеш овардааст.  Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ворид кардани хуни тоза ба ҳукуматаш, роҳ кушодан ба як ислоҳоти куллӣ ва раҳоӣ аз ҳолати рукуд ва сиёсатҳои иртиҷоиву вопасгароёнаи солҳои охир бояд ба сурати ногузир даст ба ислоҳот бизанад ва ин корро аз тағйироти кадрӣ сар кунад.

Аммо то куҷо ин умедҳо бароварда хоҳанд шуд, ҷараён ва натиҷаҳои маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон маълум хоҳанд кард. Бубинем, ки “Дилзанак-2022” чӣ ба бор меорад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button