ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳоҶомеа

ФОҶИАИ ХУРСАНДОЙ: ЗИНДАГИЕ ПУР АЗ ОРЗУҲОИ БА ХОК РАФТА

Байни ин аксҳо фосилаи тӯлоние нест: ҳамагӣ 5 сол. Ҳамагӣ 5 сол пеш Хурсандойро, ба истилоҳи маъруф, ба хонаи бахт гусел карданд. Бехабар аз он ки бо дасти худ на ба хонаи бахт, балки ба хонаи марг гуселаш мекунанд. Хурсандой ҳамагӣ 17 сол дошт, ки шавҳар кард ва  ҳамагӣ 22 сол ва ду фарзанд дошт, ки аз гулзори ҳаёт ҳанӯз гуле ночида, ба зиндагӣ падруд гуфт.

Фарзандони Хурсандой – Давлатбек чоруним ва Далерҷон се сол доранд ва ҳанӯз сарфаҳм намераванд, ки ба хонаи охират гусел кардани модарашон чӣ маъно дорад? Ин ду тифли маъсум, ки дар мазори Хурсандойи ҷавонмарг гул шинондаанд, бо шавқу ҳавас нақл мекунанд, ки  “дар хонаи аяам гул шинондем, хушрӯ кардем хонаашро…” Онҳо умедворанд, ки аяашонро аз ин гулшинонии онҳо хушаш меояд ва ӯ аз “хона”-аш ба дидани онҳо берун хоҳад омад… Ин ду тифли бечора аз куҷо медонанд, ки аз он хонае, ки модари онҳо рафт, дигар  барнамегарданд?

Ҳама бурданд орзу ба хок,

Хок дигар чӣ орзу дорад?

Додгоҳи шаҳри Панҷакент дар поёни моҳи ноябри соли 2021 сокини деҳаи Нури зиндагии ҷамоати Саразм Муҳриддин Ҷабборовро бар асоси моддаҳои 104 ва 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар одамкушӣ ва азобу уқубат гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум кард ва билофосила бар асоси қонуни афв як сол аз ҳукми ӯро кам кард. Муҳриддин Ҷабборов ба ин тартиб барои қатли ҳамсараш Хурсандой 13 солро пушти панҷара сипарӣ хоҳад кард.

Ва аммо ҷазои аз ин дида сахттарро ду фарзанди онҳо хоҳанд кашид, ки бо айби падари бераҳм, ки аз сари рашк риштаи умри ҳамсари ҷавонашро бурид, ин ду тифли бегуноҳ дар чунин овон, ки даврони ширинтарини кӯдакии онҳо бояд мешуд, якбора аз меҳри ҳам падару ҳам модар маҳрум ва дарбадару хорузор шуданд.

Хурсандой ва ду хоҳари калонии ӯро модарашон сари танҳо бо нони пуразоби муҳоҷират дар Русия ба воя расонд. Модар ду духтари калониашро дар коллеҷи тиббӣ ҳам хононд ва мехост, ки Хурсандой ҳам таҳсилашро идома диҳад, вале Хурсандой баъди хатми мактаб аз идомаи таҳсил даст кашид. “Агар шумо бо пули ба азоб дар муҳоҷират меёфтаатон хононданӣ бошед, хубаш ман таҳсил намекунаму шумо камтар зиёдтар пешамон бошед”, – гуфтааст ӯ ба модараш.

Ва модараш ӯро баробари хатми мактаб ба Муҳриддин Ҷабборов ба шавҳар дод. Як муддат зиндагиашон зоҳиран хуб буд ва соҳиби ду фарзанд ҳам шуданд: Давлатбек моҳи июни соли 2017 ба дунё омад ва Далерҷон – моҳи феврали соли 2019.

Вале баъд байни Муҳриддину Хурсандой фасли ишқ ба поён омаду фасли ҷангу ҷанҷол сар шуд. Даврае омад, ки Ҳофизи бузургвор чунин тасвираш кардааст:

Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?

Дӯстӣ кай охир омад? Дӯстдоронро чӣ шуд?

Решаи ин ҳама  ғурбату ихтилофе, ки ҷои ишқро дар ин оилаи ҷавон гирифт, ба гуфтаи хешу табор ва ҳамсояҳо, рашк будааст. Муҳриддин ҳамсарашро ҳатто ба сояи худаш рашк мекард.

Хурсандой чандин дафъа қаҳр карду рафт ва ҳар дафъа мегуфт, ки тамом, ҷудо мешавам. Вале ҳар дафъа  ин андешаи роиҷ дар ҷомиаи мо, ки ҷудо шавам, мардум чӣ мегӯянд?, ӯро аз ин тасмим бозмедошт ва ӯ бармегашту мерафт ба хонаи шавҳар. Ба хонае, ки пур аз ғурбат шуда буд ва  фазои буғранҷаш торафт имкони як нафаси озод кашиданро барои Хурсандой камтару камтар мекард. Танҳо чизе, ки ӯро дар ин асорат нигоҳ медошт, ду фарзандаш буд.

Рӯзи 1 сентябр  Хурсандой қаҳр карда, ба хонаи амакаш омад ва ба ҳама гуфт, “дигар ба ҷонам расидам, тамом, ҷудо мешавам.” Вале Муҳриддин чӣ хеле кард, ки ӯро ҳамон рӯз боз ба хонааш баргардонд. Мегӯянд, қасами дунё хӯрдааст, ки ба хушӣ ҷудо мешавем. Ва Хурсандой ҳам бори дигар бовар карда, ба хотири  ду фарзандаш бо ӯ рафтааст. Эй кош намемондемаш, мегӯянд имрӯз бо алам хешу табори Хурсандойи ҷавонмарг.

Давоми ҳодисаро аз навори хабарҳои ВКД мехонем: “Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ки пеш бо қисми 1 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби рашк бо ҳамсараш, ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо истифода аз рӯймоли занона гулӯи охиронро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. Баъдан, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро бо арғамчин дар болои оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш ба дор овехта, ҳолати мазкурро ҳамчун худкушӣ вонамуд карда, оид ба ин ҳодиса волидайн ва дигар шахсонро хабардор кардааст…”

Дар асл ин ҳодиса субҳи барвақти 2 сентябр рӯй додааст ва вақте ки Муҳриддин хешу табори Хурсандойро хабар мекунад, ки ӯ худкушӣ кард, онҳо бо назардошти он ҳама ҷангу ҷанҷоле, ки байни онҳо буд, ба фарзияи худкушӣ бовар намекунанд ва талаб мекунанд, ки ташхис шавад. Ташхиси тиббию судӣ  нишон дод, ки гумони онҳо беасос набудааст. Экспертиза ба хулосае расид, ки Хурсандой на ба иллати ба дор овехтан, балки дар натиҷаи буғӣ кардан бо марги маҷбурӣ тарки ин дунё кардааст. Дар санадҳо гуфта мешавад, ки Муҳриддин Ҷабборов дар тӯли аз 5 то 10 дақиқа бо банд гулӯи ҳамсарашро буғӣ кардааст ва ӯ нафастанг шуда, ҷон додаст.

Ҳар сол даҳҳо зан дар Тоҷикистон қурбони рашкҳои дар аксар маврид беасоси шавҳаронашон мешаванд. Бархе аз ин занҳо ончунон ба ҷон мерасанд, ки худ қасди ҷони худ мекунанд, бархе, ба мисли Хурсандойи номурод, аз дасти шавҳарони ҷоҳил кушта мешаванд. 

Дар ҷараёни тафтишот Муҳриддин пойфишорӣ мекард, ки ҳамсарашро аз рашк куштааст. Тафтишот ин иддаоро ҳам санҷид, чунки дар сурати асос доштани гумонҳои бади Муҳриддин ин метавонист барояш ҳамчун ҳолати сабуккунанда хидмат кунад, яъне хулосаи тафтишот метавонист чунин шавад, ки ӯ дар ҳолати ҳаяҷон (аффект) даст ба чунин кор задааст. Вале баъди санҷидани ҳама даъвоҳои Муҳриддин тафтишот ба хулосае омад, ки рашки ӯ ба Хурсандой ягон асос надоштааст ва ӯ ҳамсарашро бегуноҳ қурбон кардааст.

Ин хулосаи тафтишот  ба оташи алами наздикони духтари ҷавонмаргшуда равғани боз ҳам бештар рехт. Онҳо мегӯянд, Муҳриддин акнун 13 сол шишта боз ба озодӣ мебарояд, шояд дар байн ба афв  ҳаи афтода, ҳатто барвақттар ба озодӣ бирасад, вале войи ҷони Хурсандой, ки аз ин дунё пурармон рафт ва дигар барнамегардад. Ва он ҳам барои як рашки беасоси шавҳари ҷоҳил.

Дар ин байн фақат Давлатбеку Далерҷонанд,  ки бо саъйу кӯшиши тамом гулҳои рӯи мазори модарашонро нигоҳубин мекунанд ва мутмаинанд, ки агар баҳор омаду ин гулҳо сабзиданд ва нашъу намо карданд, аяҷони онҳо ҳам аз хонаи ғарқи гулаш  ба пеши онҳо мебарояд.

Умеде чӣ қадар зебо ва орзуе чӣ қадар ширин, вале, сад ҳайф, ки дигар иҷроношуданӣ…

Ман мондаму остони наздики аҷал,

Ман мондаму достони поёни амал.

Бидруд, ҷаҳони пур зи дастону ҳиял,

Бидруд, ҷаҳони пур зи ҷанҷолу мағал!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button