ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ РАИСИ СОЛ ВА ИСМОИЛИ НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ САХИИ СОЛ ЭЪЛОН ШУДАНД

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бар асоси натиҷаҳои пурсиши хонандагонаш дар сомонаи Pressa.tj исми 10 шахсияти ба ба фарзияи ин нашрия аз ҳама аввали Тоҷикистонро дар 10 номинатсияи гуногун эълон кард. Нашрия ба хонандагонаш аз пеш дар ҳар номинатсия исми 3 нафари дар ин ё он соҳа аз нигоҳи идораи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj пешсафро пешниҳод карда буд ва хонандагон метавонистанд аз байни онҳо ба яке овоз диҳанд.

Ҳамин тавр, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо касби 20 ҳазору 136 овоз дар номинатсияи “Раиси сол” ҷои аввалро ба даст овард ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2330 овоз ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 636 овоз гардиданд.

Нашрия дар шарҳи натиҷаҳои ин номинатсия менависад: “Аммо таваҷҷуҳ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси ҷавони навовару ободкор бештар буд. Респондентҳо ишора мекарданд, ки ӯ кам сухан мегӯяд ва худро дар амал нишон медиҳад. Дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки аз IT технологияи муосир бархӯрдоранд. Як дастоварди бузургаш бунёди командаи таҳсилдида, ҷӯянда, қолабшикан аст ва шаҳри Душанберо дар чанд соли охир ба яке аз шаҳрҳои зебову намунавии дунё табдил дод. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ чун нафари бунёдкор баҳогузорӣ гардид. Аз шеваи фаъолияти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, хусусан саҳмаш дар муътадил сохтани нооромиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ситоиш карда шуд.”

Ҳамин тавр, идораи нашрия вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозодаро дар муқоиса бо вазири меҳнат Ширин Амонзода ва вазири саноат Шералӣ Кабир “Вазири сол” эълон кард. Далели рӯи Абдуллозода қарор гирифтани интихоби нашрия маълум нест, чунки вазири тандурустӣ имсол бештар бо талоши ним сол пинҳон кардани коронавирус, асароти мавҷи нави ин беморӣ дар тобистони соли гузашта ва шатта хӯрданаш аз дасти ҷиянҳои президент дар ёд монд. Вале ҳафтаномаи “Тоҷикистон” навиштааст, ки “респондентҳо аз ӯ (яъне аз Абдуллозода)  як нафари ҳирфаӣ, пуркор ва ботаҳаммул ном мебурданд, ки дар давраи ҳассоси коронавирус ба вазирӣ омадаву тавонист барои таъмини саломатии сокинони кишвар саҳм гузорад.”

Ҳамин тавр, бино ба фарзияи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj,  мудири кулли ширкати “Авесто Групп” Муҳаммади Мирзо Саидмурод Давлатов ва Акбар Ғуломовро паси сар гузошта, “Соҳибкори сол” дониста шуда, унвони “Бонкдори сол” дар сабқат бо Абдулло Қурбонов аз бонки “Алиф” ва Илҳом Абдуллоев, раиси ташкилоти қарзии “Ҳумо” насиби раҳбари Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ  шудааст.

Ҳамчунин ректори Донишгоҳи миллӣ Қобилҷон Хушвахтзода  аз ректорони Донишгоҳҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ Маҳмадшоҳ Гулзода ва Нуъмонҷон Ғаффорӣ  пеш гузашта, унвони “Ректори сол”ро ба даст овардааст.  Акмалиддин Каримов  “Варзишгари сол”, Ҷонибек Муродов “Овозхони сол”, Манижа Сангин “Чеҳраи сол” ва асосгузори канали хайрияи “Солеҳин” “Блогери сол” эълон шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки Манижа Сангин аз Абдурозиқ ва “Солеҳин” аз продюсери собиқи Абдурозиқ Барон (Беҳрӯз Набиев) пеш гузошта шудаанд.

Як номинатсияи дигари пурбаҳс “Саховатпешаи сол”  буд, ки дар он набераи президент Исмоили Муҳаммадзоир бо касби 23 ҳазору 416 овоз ҷои аввал ва Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ бо 2 ҳазору 493 овоз ҷои дуюмро гирифтанд. Ба Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар ин номинатсия ҳамагӣ 717 овоз додаанд.

Нашрия навишт, ки назардодаҳо аз ҷумла аз кумаки соҳибкор Исмоили Муҳаммадзоир ба хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, аз ҷумла, ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдоварӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button