ФарҳангЧеҳраҳо

ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ АЪЛОХОН АФСАҲЗОД ДАР РУКНОБОДИ ВОРӮ

Дар саҳни мактаби №64 деҳаи Рукнободи ҷамоати Ворӯи Панҷакент маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи донишманди маъруфи зодаи ин диёр Аълохон Афсаҳзод доир шуд.  Шаҳрдории Панҷакент гуфт,  нимпайкараи ин адабиётшиноси шинохта ба хотири пос доштани заҳматҳояш дар арсаи илм гузошта шуд.

Аълохон Афсаҳзод 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯ ба дунё омада, 15 июли соли 1999, дар синни 64 аз олам чашм пӯшид.

Аълохон Афсаҳзод  соли 1961, баъди хатми риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон  ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудири бахши матншиносии ин пажӯҳишгоҳ буд.

Аълохон Афсаҳзод дар мавзӯи осору афкори Ҷомӣ рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ намуда, яке аз маъруфтарин олимони Ҷомишинос ба шумор мерафт ва бахши аъзами таҳқиқоти илмиаш пиромуни осори Абдураҳмони Ҷомӣ буд.

Нашри матни илмии интиқодии чандин асарҳои Ҷомӣ дар Маскаву Душанбе, бахусус «Баҳористон»  (1972,  1987,  2014),  «Лайлӣ  ва Маҷнун» (1974),  «Фотиҳат-уш-шубоб» (1978), «Воситат-ул-иқд» ва «Хотимат-ул-ҳаёт» (1980) аз дастовардҳои барҷастаи илми матншиносии шӯравӣ  ба шумор мерафт.

Таҳти раҳбарии Аълохон Афсаҳзод  ҳамчунин матни илмии интиқодии     достонҳои «Туҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр»,   «Саломону  Абсол», «Хирадномаи Искандарӣ» ва «Номаҳо»-и Ҷомӣ, «Хусраву Ширин»-и Ҳотифӣ, «Девон»-и Шавкати Бухороӣ, «Козурписар»-и Фитрати Зардӯз, «Лайлӣ    ва   Маҷнун»-и   Шоҳин, «Масолик-ул-мамолик»-и Возеҳ, тазкираҳои асри ХIХ ва амсоли онҳо дастраси аҳли тадқиқ гашта, рисолаҳои «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (1970), «Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри ХV» (1987), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (Маскав, 1988), «Ҷомӣ шоири ғазалсаро» (1989) ва «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҳофизи Шерозӣ»  (1971), «Камоли   Хуҷандӣ» (1976), «Ифтихори Шарқ» (1978), «Низомии Ганҷавӣ» (1995), «Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал» (1996), «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003, 2008) ва ғ., кутуби илмию оммавии «Ҳофизнома» (1971),       «Абдураҳмони       Ҷомӣ»      (1978), «Академик Абдулғанӣ Мирзоев» (1984), куросаҳои       «Пайванди      қарнҳо»     (1989), «Суннатҳои устувор ва навпардозиҳои эчодкор» (1989), маҷмӯаҳои  «Дар сафи бузургон» (1986) ва «Корвони сухан» (1994)  аз осори гаронбаҳоест, ки аз ин олими тоҷик ба ёдгор монданд.

Ҳамин тавр, тазкираи ҷомеъи «Гулшани адаб» (дар 5 ҷилд), Осори Ҷомӣ (дар 8 ҷилд), «Куллиёт»-и Саъдӣ (дар 4 ҷилд), «Осори мунтахаб»-и Амир Хусраи Деҳлавӣ (дар 4 ҷилд) ва намунаҳои эҷоди Рӯдакӣ, Румӣ, Хайём, Манучеҳрӣ, Фаттоҳӣ, Ҳотифӣ, Калим, Саййидо, Бархурдор, Дарвеш, Нозим, Шавкат, Шоҳин, Фитрат, Туғрал ва гулчини «Дурдонаҳои наср» (дар 4 ҷилд)  аз дигар намунаҳоест, ки бо шарофати заҳматҳои Аълохон Афсаҳзода ба хатти кирилӣ баргарон ва чоп шудаанд.

Аълохон Афсаҳзод ҳамчунин навиштаҳояш оид ба театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллиро дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар саҳна» (1985) гирд оварда, дар ин китоб масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷикро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.

 Соли 2000 аз ҷониби Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсаҳзод таъсис ёфтааст, ки ба  донишмандони муваффақи соҳа  супорида  мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Салом ами баъзе одамо дар Помир ба гурухои чинои хамрох шуда баъзе чиночтхои вазнин мекунанд мекнан бародаро шумо ба амихел чиноякорон чи гуфтаниед

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button