ВидеоФарҳанг

ТӮЙИ АРӮСИИ ЗУЗУ (ЗӮҲРО) БО ИШТИРОКИ ШАБНАМУ ФАРЗОНА ВА СИТОРАҲОИ ДИГАР (ВИДЕО)

Шаби 15 ба 16 сентябр дар  шаҳри Душанбе дар тарабхонаи машҳури “Яккасарой” маросими ақди никоҳ ва тӯйи арӯсии Зузу (Зӯҳро), як блогери шинохтаи тоҷик доир шуд. Ютуб-канали  Ашки Зинда бо нашри пораҳое аз ин арӯсӣ хабар дод, ки базми арӯсии Зузуро ровиёни шинохта Раҷ Аҳмад ва Тилофат Шоева гардонандагӣ мекарданд.

Дар ин базми арӯсӣ аксари ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова бо ҳарду духтари ҳунармандаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед,  ҳамчунин овозхонҳое, чун Анӯшервон Ғафурӣ, Нишонаи Рустам, Рӯзибеки  Файзалӣ, Шаҳзоди Рустам иштирок ва бо таронаҳои худ домоду арӯсро табрик кардаанд.

“Зӯҳробону дар байни ин ҷамъи дӯстон худро хушбахттарин арӯси дунё тасаввур карда, дасти домодро то поёни тӯй сар намедод”, нақл мекунад ровии канали “Ашки зинда”. Ба гуфтаи ӯ, Зузу ба Фарзонаи Хуршед барои қадам ранҷа карданаш ба тӯйи арӯсии ӯ як гулдастаи бузурги иборат аз 101 гули садбаргро туҳфа кардааст.

Дар тӯйи Зузу ҳамчунин блогерҳои шинохтае, чун Сабринаи Назрӣ, Сабинҷон, Дил001 иштирок ва арӯсу домодро табрик кардаанд.

Дар бораи кӣ будани домод иттилое дода нашудааст.

Зузу дар асл тахаллусест, ки овозхони ҷавони тоҷик Зулайхо Мамадшоева ба худ гирифта буд. Баъди шуҳрат ёфтани ӯ, чандин нафари дигар низ бо айни тахаллуси Зузу ба майдон омаданд. Зузуе, ки шаби 15 ба 16 сентябр арӯсӣ кард, яке аз блогерҳои шинохтаест, ки солҳои охир аз байни занони тоҷик бархостаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button