МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БЛОГЕРИ ТОҶИК БАЪДИ 19 МОҲ АЗ БОЗДОШТГОҲИ МАСКАВ ОЗОД ШУД (ВИДЕО)

Блогери зодаи Тоҷикистон Кароматулло Ҷаборов, ки барои як пранки ноҷо дар мавзӯи коронавирус дар Маскав ба 2 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуда буд,баъди як моҳи судури ҳукмаш аз ҳабс озод шуд. Ӯ 19 моҳро дар пойтахти Русия дар пушти панҷара ба сар бурд.

Адвокати ӯ Роман Шахманов ба хабаргузории ТАСС гуфт: “Ҷаборов озод шуд, чунки на додситонӣ ва на метрои Маскав, ки дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида мегузашт, аз ҳукм шикоят наарданд. Ҳукми муваккили ман ба иҷро даромад ва ӯ озод шуд.”

Додгоҳи ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав рӯзи 2 август  Кароматулло Ҷаборовро, ки 2 феврали соли 2020 дар метрои Маскав дар мавзӯи коронавирус пранки ноҷо карда буд, ба 2 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард. Ду шарики ӯ: шаҳрвандони Русия Мелехов ва Илченко, ки ба фарқ аз Ҷаборов на дар ҳабс, балки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доштанд,  бо ҳукми шартӣ халос хӯрданд.

Шахманов гуфта буд, ки Кароматулло Ҷаборов гуноҳро пурра ба гардан гирифт ва бо назардошти муҳлате, ки ӯ дар СИЗО қарор дошт, ӯро метавонанд алакай баъди се ҳафта, яъне то поёни моҳи август озод кунанд. “Албатта, агар додситонӣ ё маъмурияти метрои Маскав аз ин ҳукм шикоят накунанд. Аз тарафи худ, мо аз ин ҳукм шикоят бурданӣ нестем “, – гуфта буд Роман Шахманов.

Ёдовар мешавем, рӯзи 2 феврали соли 2020 5 ҷавони аз 17 то 25-сола – се шаҳрванди Русия, як зодаи Қирғизистон ва як зодаи Тоҷикистон дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи “Полежаевская” ба самти истгоҳи “Улица 1905 года” ҳаракат дошт, мардумро бо коронавирус тарсонданд ва дар байни издиҳом таҳлука андохтанд.

Дар видеое, ки пранкерҳо дар Интернет нашр карданд, дида мешуд, ки яке аз онҳо, ки дар рӯяш ниқоб кашидааст, якбора дар байни вагон аз ҳуш меравад ва ба даступо задан сар мекунад. Мардум аввал мехоҳад ба вай кумак расонад, вале касе аз пранкерҳо мегӯяд, ки вай гирифтори коронавирус аст ва азбаски он вақт мардум тоза аз коронавирус хабар ёфта буду аз сироятшудаҳо сахт метарсид, ҳама аз бари вай дур мешаванд ва баробари ба истгоҳ расидани метро тарки вагон мекунанд.  Ба гуфтаи тафтишот,  ин саҳнаҳоро Кароматулло Ҷаборов наворбардорӣ карда, дар Интернет гузоштааст.

Ба зидди пранкерҳо аввал бо қисми аввали моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ) парванда кушоданд, вле сипас иттиҳоми онҳоро ба қисми дуюми моддаи 213, яъне авбошии гуруҳӣ иваз карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button