ХУДОЕВ БАРОИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШРО ДАР БОЗОР ДАШНОМ ДОДАН 7 РӮЗ ҲАБС ШУД
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Худоев Ҷамшед Муродалиевич, санаи таваллудаш 28.10.1985, сокини муваққатан бекори пойтахтро бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ба майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи додгоҳ, додрас С.Нурализода Ҷамшед Худоевро дар он гунаҳкор донист, ки ӯ “рӯзи 20-уми майи соли 2021, тахмин соати 13:40 ҳангоми дар дохили бозори Меҳргони шаҳри Душанбе қарор доштанаш нисбати шаҳрванд Ҳалимова Шаҳринисо бо овози баланд дашномҳои қабеҳ дода, оромии шаҳрвандони дар дохили бозор қарордоштаро халалдор сохта тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст, ки оид ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони милитсия протокол тартиб дода шудааст.”
Ҳуқуқвайронкунанда Худоев Ҷамшед дар рафти мурофиаи судӣ ин иттиҳомро эътироф кард ва баёнот дод, ки дар воқеъ бинобар нофаҳмӣ собиқ ҳамсарашро дашномҳо дода, тартиботи ҷамъиятиро дар дохили бозор каме вайрон кардааст. Худоев Ҷамшед гуфт, сабаби муноқишаашон ин буд, уки ҳамсари собиқаш фарзанди ноболиғашро ба ӯ нишон намедод.
Аммо додгоҳ ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Худоев Ҷамшедро бар асоси моддаи 460 ҳамчун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез ба одамон дарафтода, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор кардан маънидод ва банду баст кард.
Раводиди моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои алтернативиро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ менамояд. Додгоҳ вобаста ба ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатхои корро ба инобат гирифта, натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки осудагии шаҳрвандонро дар ҷои ҷамъиятӣ вайрон кардааст, муносибати ӯро ба ин кирдор, ки дар ҷои ҷамъиятӣ кирдори майдаавбоширо содир кардааст, ба назар гирифта, нисбат ба Худоев Ҷамшед ҷазо дар намуди ҳабси маъмури ба муҳлати 7 (ҳафт) шабонарӯзро таъин кардааст.
хххххххххх
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 16 июн скоини 47-солаи пойтахт Мунира Рашидова, модари 5 фарзандро бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бо иттиҳоми бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд 180 сомонӣ ҷарима баст.
Ба гуфтаи додгоҳ, “муайян карда шуд, ки Рашидова Мунира Ҳакимовна аз ӯҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи фарзанди ноболиғаш набаромадааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш соати даҳи шаби 18 май дар боғи С.Айнӣ бо ҳамроҳии рафиқонаш ба оворагардӣ ва дигар кирдорҳои зиддиахлоқӣ машғул шуда, кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми боздошт аз дасти ӯ як корд пайдо кардаанд.“
Ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира дар мурофиаи судӣ бо гуноҳаш пурра иқрор шуда, бо изҳори пушаймонӣ аз додгоҳ хост, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Додгоҳ рафтори модарро ҳамчун иҷро накардани ӯҳдадориҳои тарбиявӣ банду баст кард ва
хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовнаро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.
Аз навори хабарҳои сомонаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Ҳабси маъмурӣ барои майдаавбошӣ
24-уми майи соли 2021 муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Худоев Ҷамшед Муродалиевич, санаи таваллудаш 28.10.1985 сол, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Муайян карда шуд, ки Худоев Ҷамшед рӯзи 20-уми майи соли 2021, тахмин соати 13:40 ҳангоми дар дохили бозори Меҳргони шаҳри Душанбе қарор доштанаш нисбати шаҳрванд Ҳалимова Шаҳринисо бо овози баланд дашномҳои қабеҳ дода, оромии шаҳрвандони дар дохили бозор қарордоштаро халалдор сохта тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст, ки оид ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони милитсия протокол тартиб дода шудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Худоев Ҷамшед дар рафти мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида, нишон дод, ки дар воқеъ бинобар нофаҳмӣ нисбати собиқ ҳамсараш дашномҳо додааст, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили бозор каме вайрон гашта будаст. Сабаби дашном доданаш дар он будааст, ки фарзанди ноболиғашро ба ӯ нишон намедодааст.
Ба ғайр аз ин гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда бо дигар далелҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури мавҷуд буданд тасдиқ гардид.
Суд бо далелҳои овардашуда, ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Худоев Ҷамшед Муродалиевичро бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, банду баст кард.
Раводиди моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чазои алтернативиро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ менамояд.
Суд вобаста ба ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатхои корро ба инобат гирифта, натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки осудагии шаҳрвандонро дар ҷои ҷамъиятӣ вайрон кардааст, муносибати ӯро ба ин кирдор, ки дар ҷои ҷамъиятӣ кирдори майдаавбоширо содир кардааст ба назар гирифта, Худоев Ҷамшед Муродалиевичро бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмури ба муҳлати 7 (ҳафт) шабонарӯз таъин кард.
Ҷаримабандӣ барои назорат накардани фарзанди хеш
16-уми июни соли 2021 муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Рашидова Мунира Ҳакимовна, 10-уми сентябри соли 1974 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилот миёна, оиладор соҳиби 5-фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.
Муайян карда шуд, ки Рашидова Мунира Ҳакимовна аз ӯҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи фарзанди ноболиғаш набаромадааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш дар санаи 18.05.2021 сол, тахминан соати 22:00 дақиқа дар боғи устод С.Айнӣ бо ҳамроҳии рафиқонаш ба оворагарди ва дигар кирдорҳои зиддиахлоқӣ машғул шуда ва ҳангоми ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дастрас намудан кормандони милитсия аз дасти ӯ як адад корди хонагӣ дарёфт намудаанд.
Ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовна дар мурофиаи судӣ бо гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз кирдори содиркардааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовна гуноҳи ӯ бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуд буданд тасдиқи худро ёфтааст.
Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовнаро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои тарбиявӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбинӣ мекунад, банду баст кард.
Раводиди моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди огоҳӣ ё ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ кардааст.
Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовнаро ба инобат гирифта, Рашидова Мунира Ҳакимовнаро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ва ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.