ВидеоИқтисод

Аввалин ҷаримабандиҳо барои исрофи барқ ва фаъол шудани “Телефони боварӣ”-и “Барқи Тоҷик”

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ахиран дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати исрофи нирӯи барқ ва истифодаи ғайриқонунии онро ошкор карда ва фаъолияти се нуқтаи хӯроки тезпазак дар кӯчаи Фирдавсии ин шаҳро ба сабаби истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ манъ кардаанд.

Бино ба гузориши Кароматулло Абдуллоев, намояндаи расмии Хадамоти сӯхторнишонии ВКД,  ”ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат муайян гашт, ки дар баъзе аз нуқтаҳои тез-тайёр ва дуконҳои савдои канори роҳ дар баробари риоя нашудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин ба масрафшавии барзиёду истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ роҳ дода мешавад. Аз ҷумла, дар нуқтаи савдои сару либос соҳибкор Миҷгона Ҳусейнова қувваи барқро беҳисобкунаки барқӣ ва бо корфармудани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ истифода менамояд. Фурӯшандаи ҷуворипақак (попкорн) Юсуф Фатҳуллоев низ, аз асбоби барқии ҷӯворимакапазӣ беҳисобкунаки барқӣ истифода менамудааст. Ба ҳамин монанд савдогари дигар Маҳмадсолеҳ Шарипов, аз сутуни барқӣ ноқил кашида, беҳисобкунаки барқӣ аз асбоби барқии ҷӯворимакапазӣ дар роҳрав ба савдои кӯчагӣ машғул шудааст.”

Дар гузориши ВКД гуфта мешавад, ки бинобар сабаби камбудиҳои ошкоргардида, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат нисбати қоидавайронкунандагон санадҳои дахлдор ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, қарор дар бораи боздоштани фаъолияти онҳо бароварда шуд.

Рӯзи 10 декабр билофосила дар пайи лағви лимити барқ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии ВКД ситоди махсусе ташкил шуд, ки бояд истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқро дар кишвар назорат кунад. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавон таъмини шабонарӯзии онро дар фасли сармо таъмин кард.

Рӯзи 19 декабр ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки “бо мақсади риояи низоми истифодаи сарфакоронаи барқ, ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, инчунин робитаи доимии кормандони соҳаи барқ бо муштариён дар ШСХК «Барқи Тоҷик» аз 18 декабри соли 2020 телефонҳои боварӣ фаъол шуданд.”

Сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» гуфт, навбатдорон дар ин хатти “телефони боварӣ” ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд ва ҳар занги телефониро ба қайд гирифта, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд, то сари вақт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар ҷаласаи роҳбарияти ширкат баррасӣ мешавад. Тавассути телефони боварӣ ҳамкорӣ намудан бо ширкат ба манфиати ҳар шахс ва тамоми ҷомеа мебошад”,-  мегӯяд Н. Ёдгорӣ.

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ    93-355-51-51; 93-355-52-52; 235-86-84

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button