ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ТАҲДИДИ БУРИДАНИ СИМИ БАРҚ ВА ҲАТТО МУСОДИРАИ ХОНАЮ ДАР: ҒАМДИҲИИ ХЕШУ ТАБОРИ МУХОЛИФИН БОЗ САР ШУД?

Фаъолони оппозитсияи тоҷик дар Аврупо мегӯянд, мақомоти амниятӣ дар Тоҷикистон дар пешорӯи сафари ҳанӯз расман эълонношудаи президент Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо фишорро болои хешовандони мухолифин афзоиш додаанд ва аз онҳо талаб доранд, то ба хешовандони худ дар хориҷа бирасонанд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо биояд, ба зидди ӯ ягон эътирозу тазоҳурот барпо накунанд. Ба гуфтаи чанд тан аз ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ин фишорҳо якбора рӯзи 17 марти соли 2024 оғоз ёфтанд ва то ҳол идома доранд ва бархеро бо буридани сими барқи хонаашон таҳдид карда ва аз бархеи дигар ҳатто забонхат гирифтаанд, ки мақомот метавонанд дар сурати иштироки наздикони онҳо дар эътирозҳо молу мулкашонро ба истилоҳ “давлатӣ” кунанд.

Маҳмадзариф Саидов, як фаъоли мухолифин, ки дар Аврупо ба сар мебарад, рӯзи 19 марти соли 2024 ба “Бомдод” хабар дод, ки  рӯзҳои 17, 18 ва 19 март падару модар ва як писарашро, ки чанд сол пеш аз таҳсил дар Бангладеш ба Тоҷикистон пас оварда, ба мактаби кӯдакони душвортарбия супурда буданд, аз ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи амнияти шаҳри Душанбе овардаанд.

Маҳмадзариф Саидов  гуфт: “Аз онҳо ҳуҷҷатҳои хонаву дарашонро талаб карда, гуфтаанд, ки агар фарзандатон дар тазоҳуроти зидди президент иштирок кунад, молу мулкатонро мусодира мекунем. Фарқ надорад, ки ба номи худаш аст, ё хоҳараш, ё каси дигар! Аз волидони ман ба ҳамин мазмун забонхат ҳам гирифтаанд, ки агар фарзандамон дар митинг иштирок кунад, мо розием, ки молу мулкамонро бигиред”.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон иддаоҳо дар бораи фишорҳои нав болои хешовандони мухолифинро то ҳол ягон шарҳ надодаанд, вале Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи феълан дар худи Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки дар Аврупо фаъолият дорад, рӯзи 19 марти соли 2024 бо нашри як баёния аз афзоиши фишор болои болои хонаводаҳои мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус болои онҳое, ки фарзандонашон дар кишварҳои аврупоӣ қарор доранд, изҳори нигаронӣ кард.

“Ҳолатҳое ба назар мерасад, ки масъулини давлатӣ ба манзили наздикони мухолифон ворид шуда тамоми амвол ва дороиҳои онҳоро ба мисли хона, мошин, замин, молу мулки ғайриманқул ва амсоли инҳоро сабт карда аз хонаводаи онҳо забонхат мегиранд, ки дар ҳоли иштироки фарзандонашон дар тазоҳуротҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин молумулк мусодира хоҳад шуд. Инчунин таҳдидҳое ба монанди қатъ кардани барқ ба ин хонаводаҳо низ вуҷуд дорад. Баъд аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин мақомоти қудратӣ чанд нафар аз хонаводаҳои мухолифони сиёсии худ аз ҷумлаи мусафедону пиразанҳо, занон ва ҳатто кӯдаконро дастгир ва зери фишору шиканҷа қарор доданд. Акнун ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар баробари наздикону пайвандони афроди мухолиф, молу мулки онҳоро низ ба гарав гирад”, – гуфта мешавад дар изҳороти Паймони миллӣ.

Яке аз онҳое, ки бо нашри як видео масъалаи фишорҳои ахир болои хешовандонашро расонаӣ кард, Салим Султонзода, сухангӯи Паймони миллӣ буд. Салим Султонзода, ки аз соли 2016 дар Аврупо ба сар мебарад, рӯзи 19 март ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, 2 бародараш Ҳалимҷон Исобоев, сокини деҳаи Логини ноҳияи Зафаробод ва Алишер Исобоев, сокини маркази ин ноҳияро рӯзҳои 17 ва 18 март ба шуъбаи амнияти миллии ин ноҳия даъват карда, таҳдид кардаанд, ки агар бародарашон дар Аврупо дар тазоҳурот иштирок кунад, баъди моҳи Рамазон сими барқи хонаҳои ҳардуи онҳоро хоҳанд бурид.

“Ман имсол ба синни 46 медароям ва шахси баркамолам, додарам Ҳалимҷон 43 сол ва Алишер 40 сол доранд ва аз ман хурданд ҳарду. Онҳо чӣ гуна метавонанд маро насиҳат кунанд, ки ин ё он корро накун? То як соли пеш, ки модарам зинда буд, ба сари ӯ меомаданд, ки бачаатро насиҳат кун! Додарҳои ман якеаш муҳоҷири корӣ аст ва дуюмиаш усто ва ягон рабте ба сиёсат ва ба фаъолиятҳои ман надоранд. Танҳо режимҳои мустабид барои амали як нафар ҳама аҳли оилаи ӯро ҷазо медиҳанд. Вале ба онҳо гуфтаанд, ки агар дар рӯзҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон Салим ба Италия раваду митинг кунад, барқатонро мебурем”, – гуфт Салим Султонзода.

Ӯ мегӯяд, ба хешовандони боз чанд фаъоли дигар низ мақомоти амниятӣ хабар додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон гӯё нақшаи сафар ба Италияро доштааст. Дар бораи ба Италия нақшаи сафар доштани президенти Тоҷикистон то кунун расман  ягон хабар нашр нашудааст.

“Худи мақомоти амниятӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба Италия меравад, вагарна на ман ва, то ҷое медонам, на ягон каси дигар аз мухолифин ҳатто дарак надошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Италия меравад”, – гуфт Салим Султонзода.

Бори охир Эмомалӣ Раҳмон дар поёни моҳи сентябри соли 2023 ба Аврупо сафар дошт. Дар шаҳри Берлин тарафдорони мухолифини тоҷик ба зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон чанд тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд ва ба фаъолони ҳаракати оппозитсионии “Гуруҳи 24” ҳатто тавонистанд мошини Эмомалӣ Раҳмонро дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Олмон бо тухм бизананд.

Дар пайи он эътирозҳо ва тухмзанӣ, ба ҳисоби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мақомот дар Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар аз хешу табори мухолифин, аз ҷумла наздикони иштирокчиёни эътирозҳои Берлинро дастгир карданд. Бархеи онҳоро чанд соат ва бархеро то чанд рӯз нигоҳ дошта, аксарашонро водор карданд, ки дар видео иштироки хешовандонашон дар иқдомоти зидди Эмомалӣ Раҳмонро маҳкум кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button