ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ЛАТТУКӮБИ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА ҲАМСАБАҚҲОЯШ БАРОИ НАМОЗХОНӢ ДАР ҲИНДУСТОН

Пулиси ҷиноии шаҳри Аҳмадобод, бузургтарин шаҳри аёлати Гуҷарат дар ғарби Ҳиндустон хабар дод, ки шоми шанбе, 16 марти соли 2024 дар як хобгоҳи донигоҳи Гуҷарат дар Аҳмадобод як гурҳи донишҷӯёни мусулмони хориҷӣ барои онки дар моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон дар хобгоҳ намоз мехонданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Донишҷӯёне, ки аз ҷониби як гуруҳи бузурги иборат аз 20-25 нафар дар заминаи бадбинии динӣ латтукӯб шуданд, аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Шри Ланка ва Африқои ҷанубӣ барои таҳсил ба Ҳиндустон омада буданд. Ду нафар аз ин донишҷӯён  – аз Шри-Ланка ва Тоҷикистон – дар пайи ин ҳамла дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Номи донишҷӯёни латтукӯбшуда нашр нашудааст.

Комиссари пулиси Аҳмадобод Г.С.Малик дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ягон 20-25 нафар вориди хобгоҳ шуда, алайҳи намозхонии донишҷӯёни хориҷӣ эътироз кардаанд ва талаб гузоштаанд, ки онҳо намози худро рафта дар масҷид бихонанд, на дар хобгоҳ. Дар ин замина байни онҳо муноқиша ба амал омадааст ва ҳамлагарон ба донишҷӯёни хориҷӣ дарафтода, онҳоро сангборон кардаанд. Ҳамлагарон ҳуҷраҳои ин донишҷӯёнро низ торумор кардаанд”.

Бино ба хабарҳо, ҳамлагарон шиорҳои зидди дини Ислом зада, бадбинии худро нисбат ба мусалмонон пинҳон намекарданд.

Пулиси ҷиноии Аҳмадобод хабар дод, ки алакай ду нафарро дар робита ба ин ҳамлаи гуруҳӣ болои донишҷӯёни мусалмон дастгир кардаанд. Пулиси номи дастгиршудагонро ҳам нашр кард:

1) Ҳитеш Рагубҳай Мевада

2) Бҳарат Дамодарбҳай Пател.

Пулиси Аҳмадобод гуфт, талошҳо барои муайян кардани шахсият ва ҷустуҷӯи ҳамлагарони дигар идома дорад.

Дар умум дар донишгоҳи Гуҷарат дар Аҳмадобод ҳудуди 300 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳое, чун Тоҷикистону Афғонистон, Шри Ланка ва аз кишварҳои Африқоҷ таҳсил мекунанд. 75 нафари онҳо дар хобгоҳи А, ҳамон ҷое, ки донишҷӯёнро латтукӯб карданд, ҷой карда шудаанд. Комиссари пулиси Аҳмадобод Малик гуфт, ҳоло вазъ зери назорат гирифта шудааст ва ба донишҷӯёни хориҷӣ ягон хатаре таҳдид намекунад.

Сухангӯи вазоарти хориҷаи Ҳиндустон Рандҳир Ҷайсвал низ дар робита ба қазияи Аҳмадобод изҳорот дод. Ӯ гуфт:  “Ҳукумати аёлат нисбат ба гунаҳкорон чораҳои шадид меандешад. Дар натиҷаи муноқиша ду донишҷӯи хориҷӣ осеб диданд. Яке аз онҳоро баъди расондани ёрии тиббӣ аз бемористон ҷавоб додаанд. Вазорати хориҷа бо ҳукумати Гуҷарат дар тамос аст”.

Бино ба маълумоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли 2020 дар донишгоҳҳои Ҳиндустон ҳудуди 150 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекарданд.

Ҳиндустон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо сатҳи баланди сӯитаҳаммул нисбат ба мусалмонон ном баровардааст. Ин ҳам дар ҳоле ки шумори мусалмонон дар ин кишвар беш аз 200 миллион буда, онҳо 14,4 фоиз аз наздики якуним миллиард аҳолии Ҳиндустонро ташкил медиҳанд.

Эҳсосоти исломбадбинӣ ва ҳамлаҳо ба зидди мусулмонон дар Ҳиндустон дар аҳди сарвазири кунунии ин кишвар Нарендра Моди авҷи бештар гирифт. Моди, ки аз соли 2014 раиси ҳукумат аст, ва ҳизби ӯ Бҳаратия Ҷаната бо назарҳои ошкоро зиддиисломӣ ва миллатгароёнаашон ном баровардаанд. Аз ҷумла чанд сол пеш бо дастури Моди, масҷиди қадимаи ҳанӯз дар асри 16 бунёдшударо, ки бо номи масҷиди Бобур маъруф буд, вайрон карда, ба ҷои он як маъбади дини ҳиндуӣ сохтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button