ВидеоКоррупсияТоҷикистон

БОЗДОШТИ ЯК МАСЪУЛИ ВОЕНКОМАТИ ҲИСОР ВА ШАРИКИ Ӯ БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 марти солои 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати талаби пул барои билети ҳарбӣ хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, рӯзи 14 марти соли 2024 шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. бо ариза унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш кардааст, то нисбат ба сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б.З. ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Салимов Н.С. чораи қонунӣ андешида шавад.

Ба гуфтаи даъвогар, корманди комиссариат ва бародари шафқат аз ӯ барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17 000 сомонӣ (беш аз 1500 доллар) талаб намуда, аз ин маблағ охири моҳи феврали соли ҷорӣ маблағи 8000 сомонироӣ гирифта, ҳоло овардани боқимонда маблағи 9000 сомониро талаб карда истодаанд.

 “Дар ин замина, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, бо андешидани чораҳои зарурӣ Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

 Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. бар асоси  моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи гуруҳи шахсон ва бо сӯиистифода аз мансаб, ки боиси ба ҷабрдида расондани зарари ҷиддӣ шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Худи Каримов ва Салимов барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҷарима вваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Комиссариатҳои ҳарбӣ аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Фасод дар ин идора бахусус дар давоми мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ авҷ мегирад. Мавсими баҳорӣ аз 1 апрел то 31 май ва мавсими тирамоҳӣ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Аз соли 2021 дар Тоҷикистон имкони хидмати алтернативӣ низ фароҳам оварда шуд. Бар асоси он, довталабоне, ки майли адои ду сол хидмати ҳарбии ҳатмиро надоранд, метавонанд бо пардохти маблағи баробари 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамагӣ як моҳ ба тарзи “экспресс” хидмати ҳарбиро анҷом дода, қонунан соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Нархи хидмати алтернативӣ имсол 54 ҳазор сомонӣ, ё наздики 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Як сол қабл нархи хидмати алтернативӣ қариб ду маротиба арзонтар буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button