Варзиш

МУНИРА АБДУСАЛОМОВА БА ПОРИС МЕРАВАД. РОҲХАТТИ ЧОРУМИ ОЛИМПИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Варзишгари тоҷик Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Тайани Чин тавонист дар вазни +67 кг роҳхати Бозиҳои олимпии Порис – 2024-ро соҳиб шавад. Бино ба иттилои Федератсияи таеквондои Тоҷикистон, Мунира Абдусаломова дар ду рақобат бар таэквондочиёни Қазоқистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба Олимпиада шуд.  Тибқи низомномаи ин мусобиқа, аз ҳар вазн 2 нафар, яъне ҳамаи онҳое, ки то финал расиданд, соҳиби роҳхат ба Олимпиада шуданд.

Ин алакай чорумин роҳхатти варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи имсола дар пойтахти Фаронса мебошад. Се роҳхати қаблиро варзишгарони тоҷик аз муштзанӣ (бокс) ба даст оварданд.

Аз ҷумла  Давлат Болтаев дар Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифта буданд. Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти соли 2024 дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия доир шуд, дар вазни то 63,5 кг қувваозмоӣ карда, роҳхати сеюми олимпии Тоҷикистонро ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март доир шуд, ду варзишгари дигар аз Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Суннатов  дар вазни то 68 кг ва Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни то 67 кг қувваозмоӣ карданд, вале ҳарду дар даври аввал шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхатҳо ба Олимпиада маҳрум гардиданд.

Бозиҳои инак 33-юми олимпӣ дар Порис, аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мешаванд.

Шореҳи шинохтаи варзиш Нарзуллоҳи Латиф менависад, ки варзишгарони тоҷик боз дар чанд риштаи дигари варзиш имкони ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Порисро доранд:

Шамшерзанӣ. Аз рӯи натоиҷи рейтинги рӯзи 1-уми апрел ва инчунин 27-28-уми апрел. Дубай (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) – мусобиқоти қораи Осиё.

Гуштии варзишӣ (озод ва юнонию румӣ). 19-21-уми апрел. Бишкек (Қирғизистон) – мусобиқоти қораи Осиё ва 9-12-уми май. Истанбул (Туркия) – мусобиқоти ҷаҳонӣ.

Вазнбардорӣ. Аз рӯи натоиҷи рейтинги рӯзи 28-уми апрел.

Бокс. 23-юми май – 3-юми июн. Бангкок (Таиланд) – мусобиқоти ҷаҳонӣ.

Ҷудо. Аз рӯи рейтинги рӯзи 23-юми июн.

Дар Олимпиадаи Токио-2020, ки ба далели пандемияи коронавирус 2 сол дертар доир шуд, Тоҷикистонро 10 варзишгар намояндагӣ карда буданд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар риштаи ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук). Вале, муттаассифона, ҳамаи варзишгарони тоҷик дар Токио шикаст хӯрда, бидуни ягон медал баргаштанд.

Охирин медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ медали тиллои Дилшод Назаров дар гурзандозист, ки ӯ соли 2016 дар Олимпидаи Рио де Жанейрои Бразилия ба даст овард. Ин ягона медали тиллои варзишгарони тоҷик аз замони таҳти парчами Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ рафтани онҳост. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин Юсуф Абдусаломови доғистонӣ барои Тоҷикистон медали нуқра ва Расул Боқиев медали биринҷӣ оварда буданд. Дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон Мавзуна Чориева дар мусобиқоти муштзанӣ низ сазовори медали биринҷӣ шуда буд.

Дар Олимпиадаи соли 1992 дар Барселона Андрей Абдувалиев низ дар гурзандозӣ соҳиби медали тилло шуд, вале ӯ таҳти парчами СНГ ҳунарнамоӣ мекард. Соли 1980 дар Олимпиадаи Маскав Андрей Старостин аз Душанбе дар панҷҳарбаи муосир қаҳрамони олимпӣ шуда буд. Дар Олимпиадаи Маскав боз як намояндаи Тоҷикистон: Юрий Лобанов дар қаиқронӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Лобанов соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен медали тилло гирифта буд. Боз як медали дигари олимпии варзишгарони тоҷик медали биринҷии камонвари номдор Зебунисо Рустамова аст, ки ӯ соли 1976 дар Олимпиадаи Монреал соҳиб шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button