ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ РОНАНДАИ “РАХШ ТАКСИ” БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР КӮЧА (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 15 марти соли 2024 хабар дод, ки ронандаи таксиро, ки дар кӯча як ҷавонзанро зери мушту лагат гирифта буд ва видеояш дар ҷомиа сару садои зиёд пайдо кард, муайян карда, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ  15 шабонарӯз ҳабсаш кардаанд.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар канали Парвиз ТВ, наворе нашр гардид, ки як ронандаи такси дар канори роҳ ҷавонзанеро мавриди латту кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунад. Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҷавони дар навор инъикосёфта муайян ва дастгир карда шуд.

Ин нафар шаҳрванд Иброҳимов (дар санадҳо Ибрагимов) Ҷамҳур Бобишоевич, санаи таваллудаш 04.07.1989, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Спитамен, ронандаи мошини тамғаи “BYD”, рақами қайди давлатиаш 69 91 ТТ 09, мансуб ба ширкати “Рахш такси” будааст.

Худи Ҷамҳур Иброҳимов ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале милитсияи пойтахт гуфт, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:30, ҳангоми дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштан, ҷавонзани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доштааст, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан мавҷуд буда, мавриди латту кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба шаҳрванд Иброҳимов Ҷамҳур тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Аксари корбарон дар зери ин хабар ба милитсияи Душанбе барои вокуниши фаврӣ ба видеои латтукӯби ҷавонзан ташаккур гуфта, навиштаанд, ки ӯро бояд ҷазои сангинтар медоданд. Корбарон ҳамчунин навиштаанд, ки ин нафарро бояд аз ҳуқуқи рондани такси ҳам маҳрум кунанд, чунки такси рондани чунин афроди асабонӣ барои ҷамъият хатарнок аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button