ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 13 МАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРФУ БОРОН ПЕШБИНӢ МЕШАВАД, ОМОДА БОШЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзи 13 марти соли 2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид ва боронҳои сахте, ки дар бархе ноҳияҳои кӯҳистон ба барф мубаддал хоҳанд шуд, пешбинӣ карда мешавад. Дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдоман ҳарорати ҳаво то 10-12 пойинтар хоҳад рафт.

Бино ба ин манбаъ, аз 12 то 14 март дар ноҳияҳои кӯҳдоман ва кғзистони тобеи марказ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳо ва резиши санг вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 12-13 март дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдомани вилояти Хатлон омадани селҳо пешбинӣ карда мешавад.

Рӯзҳои 13-14 март ба далели боришо дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёҳое, ки ах қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баланд шудани сатҳи об пешбинӣ карда мешавад.

Ба далели боришоти шадид эҳтимоли рух додани чунин ҳолатҳои фавқулодда зиёд аст:

—эҳтимоли афзоиши садамаҳо дар роҳҳо, ба вижа дар роҳҳои манотиқи кӯҳдоман ва кӯҳистон, маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳо дар натиҷаи хароб шудани пулҳо ва зери об мондани роҳҳо;

—эҳтимоли зери оби борон мондани нуқтаҳои аҳолинишин дар сурати аз кор баромадани  шабакаҳои заҳбурҳо ва ҷӯйҳои селпарто;

—эҳтимоли зери об мондани қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, сел задани минтақаҳои дар пастӣ ҷойгиршуда, боло рафтани сатҳи об дар дарёҳои хурд, зери об мондани ҳавлиҳову роҳҳо ва заминҳои дар пастӣ ҷойгиршуда.

Бо мақсади муҳофизати хонаҳову ҳавлиҳо аз асароти сел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯю ҷӯйборҳоро дар атрофи хонаҳои худ тоза кунанд.

Кумита ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки обу ҳавои номусоидт метавонад боиси вайрон шудани хатҳои нирӯи барқ ва боми хонаҳо, чапа шудани дарахтону баннерҳои таблиғотӣ  шавад. Ба ин далел, аз сокинон хоста мешавад, ки ҳангоми дар кӯча қарор доштан аз хатҳои барқу дарахтон ва тоблуҳои таблиғотӣ ҳадалимкон дуртар биистанд.

Кумита ҳамчунин хостааст, ки сокинон аз чораҳои амнияти шахсӣ кор гирифта аз рафтан ба кғҳҳо, ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии дигар гиёҳҳо худдорӣ кунанд. Боришот метавонад чаронидани чорворо низ дар чарогоҳҳо мушкил гардонад.

Кумита ҳамчунин аз сокинон хостааст, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳистон ах эҳтиёт кор гирифта, мошинҳои худро аз пеш омода кунанд ва бидуни зарурат ба сафар набароянд.

Аз аҳолӣ хоста шудааст, ки дар ҳолатҳои фавқулодда бо рақами кӯтоҳи 112 ваё ба қисми навбатдории Кумита бо ин рақамҳо занг бизананд: (+992) 93 880 28 19, (+992 37) 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button