ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР АЙНӢ “ОПЕЛ” БА ҶАРИИ ЧУҚУРИАШ 800-900-МЕТР ЧАППА ШУД, 3 НАФАР ҶОН БОХТ, 2 КАС ЗИНДА МОНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш рӯзи 11 марти соли 2024 дар рафъи оқибатҳои як садамаи маргбор дар ноҳияи Айнӣ, ки 3 кушта ба ҷо гузошт, иштирок карда, ба ду мусофири зиндамонда кумак расондаанд.

Бино ба иттилои нашршуда, рӯзи 11 марти соли 2024, соати 11:15 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки дар километри 147-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст.

Наҷотбахшони Кумита аз минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки як мошини тамғаи “Opel Zafira”, таҳти идораи сокини 35-солаи Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ба далели аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, ба як ҷарии чуқуриаш 800-900 метр чаппа шудааст. Ба болои ин, ҳангоми ба ҷарӣ сарозер шудан, мошин оташ ҳам гирифтааст.

Дар натиҷа садама, ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондаанд, вале ҷароҳат бардоштаанд.

Наҷотбахшон бо кумаки васоили махсуси кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз воситаҳои махсус ҷасадҳои ронанда ва ду мусофири ҳалокшударо аз дохили мошини сӯхта берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ҳамин тавр, наҷотбахшон ба ду мусофири зиндамонда кумаки тиббии аввалия расонда, сипас онҳоро ба табибон супурдаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон хотиррасон кардааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳамчунин суръатро қатъиян риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар ва ҳалокати пиёдагарди солхӯрдаи 70-сола дар ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) дар ҷанубуғарби ҷумҳурӣ дар ҳамин рӯзи 11-уми марти соли 2024 хабар дод. Гуфта мешавад, рӯзи 11 март, тахминан соати 17:00,  ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, Амонов Зикрулло Сафарович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Лоҳутӣ ба тарафи маркази ноҳия дар роҳи мошингарди деҳаи Бадахшон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Эшимов Абдураҳмон Манонович, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Эшимов Л.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Аксҳои садама дар Айнӣ аз сомонаи КҲФ Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button