ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ХОВАЛИНГ БОМИ НУҚТАИ БОНКИ “ДУШАНБЕ СИТИ”-РО ШИКАСТА, ПУЛ ВА 6 ТЕЛЕФОНРО ДУЗДИДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 11 марти соли 2024

Дуздии маблағ ва телефони мобилӣ

021.jpg

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми феврали соли 2024, тахминан соати 01:30-дақиқа шахсони номаълум ба воситаи шикастани боми нуқтаи иттилооти “Душанбе-Сити” воқеъ дар бозори марказии ноҳияи мазкур вориди он шуда, аз онҷо 600-сомонӣ ва 6-адад телефонҳои мобилии гуногун тамғаро ки арзишашон 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.

Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғоратгарии телефони мобилӣ

087

Ҳангоми омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муайян карда шуд, гумонбаршаванда санаи 20-уми феврали соли 2024, дар ҳолати мастӣ дар назди бинои яхмоси «Зебинисо», воқеъ дар ҳудуди шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур қарор доштанаш, ошкоро бо истифодаи зӯровари аз тарафи марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А-22», ки арзишаш 2 ҳазору 470-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷой ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ

029

Шоми 8-уми марти соли 2024, тахминан соати 19:40-дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс-Спринтер», Салимов Амирҷон Аминҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зебунисои шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Насруллоев Муҳаммадҷон Рустамҷонович, соли таваллудаш 2014, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ Насруллоев М.Р, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Барои маълумот: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Силсила қаллобиҳо

032

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 43-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз моҳи апрели 2019 то моҳи августи соли ҳамон сол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур, даромада аз ӯ 660 ҳазор сомониро гирифта, аз ин 180 ҳазор сомониашро баргардонида боқимонда 480 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд, гумонбаршаванда моҳи ноябри 2023, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада аз ӯ 2-адад воситаҳои нақлиётӣ тамғаҳои «БМВ» ва «Лексус-ҶС», ки арзиши умумиашон 535 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта ба шахсони номаълум фурухта, 215 ҳазор сомониро дода боқимонда 320 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, даромада аз ӯ 2- адад воситаи нақлиёти тамғаҳои «Лексус-РХ» ва «Тайота Кемри-6», ки арзиши умумиашон 465 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта ба шахси номаълум фурухта 35 ҳазор сомониро дода боқимонда 430 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада аз ӯ бо баҳонаи фурухта додани 2-адад воситаи нақлиёти тамғаҳои «Лендкрузер-Прадо» ва «БМВ», арзиши умумиашон 569 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, ба шахси номаълум фурухта, аз ин 156 ҳазор сомониро дода боқимонда маблағро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button