Варзиш

ҲАЙЪАТИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ БОЗИҲО БО АРАБИСТОНИ САУДӢ МАЪЛУМ ШУД

Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 9 марти соли 2024 забар дод, ки ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон кард.

Ба тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд. 9 нафари онҳо аз “Истиқлол” буда, 10 нафари дигар дар хориҷ (4 нафар дар Гурҷистон, 3 нафар дар Ӯзбекистон ва якнафарӣ дар Булғористону Русияву Эрон ҳунарнамоӣ мекунанд. Ду узви тими миллӣ (Амирбек Ҷӯрабоев ва Шаҳром Соиров) феълан дар ягон тим бозӣ намекунанд ва  4 нафари боқимонда якнафарӣ аз “Истаравшан”, КМВА, “Ҳосилот” ва “Эсхата” ба ҳайъати тими миллӣ ҷалб гардидаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо бо Арабистони Саудӣ 11 март оғоз мекунад. Дар ин рӯз футболбозони тоҷик барои таълиму тамрин ба Қатар мераванд. Футболбозони тоҷик аз ин кишвар хотираҳои хуше доранд, чунки як моҳ пеш дар ҳаминҷо дар Ҷоми Осиё бори аввал дар таърихи футболи тоҷик то ба марҳалаи чорякниҳоӣ расиданд.

Шоми 18 март мунтахаби Тоҷикистон барои бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ аз Давҳа ба Риёз парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи малик Сауд соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Сипас тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз мегардад.

Тими Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба чемпионати ҷаҳон дар пайи комёбии беназираш дар Ҷоми Осиё шурӯъ мекунад. Дар Ҷоми Осиё дар Қатар тими Тоҷикистон таҳти раҳбарии мураббии хорват Петр Сегрт то ба даври чорякниҳоӣ расид. Аммо баъди Ҷоми Осиё қарордоди тими миллӣ бо Петр Сегрт тамдид нашуд ва ба ҷои ӯ мураббии гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки қаблан ба ҳайси ёвари Сегрт кор мекард, сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

***

📃Ҳайъати тими миллии Тоҷикистон барои ду бозии рӯзҳои 21 ва 26 март бо Арабистони Саудӣ:

✔️Дарвозабонҳон: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду– «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

✔️Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳарсе– «Истиклол»), Далер Имомназаров («Эсхата»);

✔️Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ЦСКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмень», Русия), Алиҷони Бӯризод («Самгурали», Гурҷистон), Муродалӣ Ақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эхсони Панҷшанбе, Амадони Камолов (ҳарсе – «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев (бидуни даста), Вайсиддин Сафаров (КМВА);

✔️Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Рустам Соиров (бидуни даста), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»).

✔️Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

🏆Ҷоми ҷаҳон-2026. Бозиҳо интихобӣ

✅Марҳалаи  дуюм. Гуруҳи «G»

⚽️ Даври 3-юм

📅21 март (панҷшанбе)

⌚️Оғоз– Соати 23:59 ба вақти Душанбе

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 Тоҷикистон

🏟Ар-Риёз, варзишгоҳи Донишгоҳи малик Сауд

⚽️ Даври 4-юм

📅26 март (сешанбе)

⌚️Оғоз – соати 20:00 ба вақти Душанбе

🇹🇯Тоҷикистон – 🇸🇦Арабистони Саудӣ

🏟Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button