ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БАРОИ ДУ РОТАИ САРБОЗОН! АЗ МОШИНИ ЯК ТОҶИК ДАР МАРЗИ РУСИЯ 297 САР ЛИБОСИ ҲАРБӢ ЁФТААНД

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар марзи Русия бо Қазоқистон бо иттиҳоми кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани 297 сар либоси ҳарбӣ дастгир кардаанд. Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики Мash рӯзи 7 марти соли 2024 бо нашри ин хабар навишт, ки сарулибоси ҳарбии аз ин зодаи Тоҷикистон гирифташуда барои ду ротаи сарбозон кифоят мекунад.

Бино ба иттилои Mash, Парвиз Ғаниеви 46-соларо дар гузаргоҳи “Орск”дар вилояти Оренбург манъ кардаанд. Ҳангоми кофтукоби мошини тамғаи “Volvo”, ки Парвиз Ғаниев бо он тарки Русия мекард, дар дохили салон ва бордони мошин марзбонони рус 297 сар плаш, 1 боронии муҳофизатӣ ва дигар аҷзоъи ОЗК, яъне сарулибоси муҳофизатии артишро пайдо кардаанд.

ОЗК (общевойсковой защитный костюм, ё сарулибоси муҳофизатии артиш) як василаи ҳимояти сарбозон аз моддаҳои заҳрогин, силоҳҳои биологӣ ва чанги радиактивӣ буда, ба маҷмӯи таслиҳоти артиши Русия ва артишҳои чанд кишвари дигари собиқ Шӯравӣ шомил мешавад.

ОЗК аз плаш, ё боронии навъи ОП-1(ОП-1М), ҷӯробҳои соқбаланди муҳофизатӣ (чулки) ва дастпӯшакҳои муҳофизатӣ иборат буда, ҳамроҳ бо респиратор ё противогаз (ниқоби зидди газ) истифода бурда мешавад.

Ҳам борониҳои муҳофизатӣ ва ҳам дигар аҷзои ОЗК, ки дар мошини Парвиз Ғаниев пайдо карданд, ба рӯйхатти молу фаннованиҳое таъйиноти дугуна, ки бо ҳадафҳои ҳарбӣ низ метавонанд истифода шаванд, шомил шудаанд. Аз Русия ба хориҷ баровардани ин навъи маҳсулот қатъиян манъ карда шудааст. Мақомоти Русия назоратро бар кӯшишҳои ба хориҷ бурдани молу маҳсулоти ҳарбӣ баъди шурӯи ҷанги зидди Украина сахттар кардаанд.

 “Акнун Парвиз Ғаниевро ба ҷои фоидаи ҳангуфт аз фурӯи ин сарулибос ҳукми сангин дар пеш аст”, – таъкид кардааст Mash.

Тафсилоти дигари қазия маълум нест. Худи Парвиз Ғаниев барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нест. Вале ба эҳтимоли ғолиб, ӯ ин сарулибоси ҳарбиро бо хоҳиши ягон нафаре, ки ба таъминоти Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон машғул аст, барои ягон воҳиди артиши Тоҷикистон мебурд. Таъминоти Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон асосан ба Агентии давлатии харидҳои махсус, як ниҳоди вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Таслиҳоти артиши Тоҷикистон ва ҳамин тавр, сару либоси аскарону афсарони тоҷик то ҳол  асосан аз Русия оварда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button