ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА БО НАРХҲОИ АРЗОНТАР БАРОИ КОРМАНДОНИ ВКД ДАР АРАФАИ 8 МАРТ (2 АКС)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 6-уми марти соли 2024 бо ташаббуси роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар таваққуфгоҳи ВКД намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти милитсия доир гардид.

Гуфта мешавад, дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гӯшту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти  мавриди ниёзи мардум  бо нархҳои нисбат ба бозору марказҳои савдо 30 фоиз арзонтар пешкаши харидорон карда шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти вазорат, баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ба занони корманди милитсия ба таври ройгон тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти ВКД таъкид кардааст, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин намоишҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда мешавад. Маркази матбуот инро “шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати ба кормандони милитсия” номидааст.

Ташкили ярмаркаҳо барои кормандони ВКД дар арафаи иду ҷашнҳо дар ҷомиа вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд меорад. Бархе аз ин ташаббус интиқод мекунанд ва мегӯянд, кормандони милитсия бе ин ҳам имконияти назар ба дигарон хубтар барои харидани маҳсулоти хӯроквориро доранд ва беҳтар ин аст, ки чунин ярмаркаҳо барои мардуми ниёзманд ташкил карда мешуд. Аммо дигарон ташаббуси раҳбарияти вазорати корҳои дохилиро намунаи ибрат ва пайравӣ барои роҳбарони дигар вазорату муассисаҳо медонанд ва мегӯянд, ғамхорӣ дар ҳаққи коргар бояд қадрдонӣ ва ситоиш шавад, на накӯҳишу мазаммат.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button