ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсонҶомеа

ҶАРИМАИ ЯК ЗАН ДАР ХУҶАНД БАРОИ МАЪРАКАИ “НОНШИКАНОН” ВА “САФЕДИБАРОН” (ВИДЕО)

Матлуба Урунова, сокини 45-солаи шаҳри Хуҷандро барои ташкили маъракаи “ноншиканон” ва “сафедибарон” ҷарима бастаанд. Дар ин бора  бо нашри сабтҳои оперативӣ Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд рӯзи 6 марти соли 2024 дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод.

Дар ин сабтҳои оперативӣ, ки зоҳиран аз ҷониби яке аз ҳамкорони мақомот аз бинои рӯбарӯ сабт шудааст, дида мешавад, ки як мошини рангаш сурх бо меҳмонҳо дар назди як бинои баландқабата манъ мекунад ва аз дохили он чанд дастурхонро мефароранд. “Ана, табақҳо омада истодаанд, табақҳо”, шарҳ медиҳад ин ҳолатро наворбардор, ки чеҳрааш дида намешавад.

Дар сабт ҳамчунин лаҳзаҳои дар рӯи ҳавлии он бино пухтани хӯрок барои меҳмонони маърака ва тавассути тиреза ба як хона дар қабати якуми бино додани косаҳои хӯрок дида мешавад.

Дар идомаи гузориш як гуруҳи меҳмонон дар ҳоле сабт шудаанд, ки дар дохили хона дар гирди дастурхони пурнозунеъмати барояшон оросташуда нишастаанд.

Акбар Шарифӣ гуфт, бар асоси моддаи 10-уми қонуни танзими ҷашну маъракаҳо баргузории маъракаҳои “ноншиканон” ва “сафедибарон” қонунан манъ карда шудааст, вале бархе шаҳрвандон бар хилофи ин банди қонун, ё пардапӯшона, дар ҷомаи маъракаҳои дигар ҳамонон маъракаи “ноншиканон” ва “сафедибарон”-ро барпо мекунанд.

Аз ҷумла, Урунова Матлуба Салимбоевна, соли таваллудаш 1979, сокини маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд рӯзи 24 феврали соли 2024 дар хонааш маъракаи фотиҳаи тӯйро, ки бо номи “ноншиканон” маъруф аст, гузаронидааст.  Акбар Шарифӣ гуфт, ин ҳолати вайрон кардани қонуни танзимро кормандони бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ошкор карда, нисбат ба соҳибхона бар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

Ба Матлуба Урунова бар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои вайрон кардани қонуни танзим ҷарима ба маблағи то 7920 сомонӣ таҳдид мекунад.

Ахиран додситонии вилояти Суғд хабар дод, ки дар давоми як соли охир дар шимоли Тоҷикистон беш аз 200 мавриди вайрон кардани қонуни танзими расму ойин сабт шудааст.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда, соли 2017 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз танзими тӯю маъракаҳои мардум ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд ва мегӯянд, ин қонун ба мардум имкон медиҳад, ки ба ҷои исрофи беҳуда дар тӯю маъракаҳо пулашонро сарфа карда, барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон, барои мисол, барои рафтан ба истироҳат ё пули таҳсили фарзандонашон харҷ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button