ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ РЕХТАНИ ТАРМАЮ САНГ ДАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, хатари фурӯрезии тармаҳо ва резиши санг ҳамоно дар  минтақаҳои ВМКБ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим зиёд аст.

 Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд. Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ, гузор аз минтақаҳои тармахез низ дар ин рӯзҳо маслиҳат дода намешавад.

Тармаву ярчу сангрез аз офатҳои хатарноки табиӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати рехтани тарма ва 48 мавриди ярчу сангрез сабт шудааст.  Дар чандин ҳолат ин офатҳо боиси марги инсонҳо шудаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ низ дар бораи фурӯ рехтани даҳҳо тарма, асосан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон, ва ҳамчунин дар ноҳияи Рӯшону Ишкошим хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button