ВидеоТоҷикистонҶомеа

19 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПОДПОЛКОВНИКИ УБОП БАРОИ ОДАМРАБОӢ ВА КУШТОР АЗ ҲИССИЁТИ РАШК

Додгоҳи олии Тоҷикистон подполковники милитсия Акмал Юсуфзода, сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилиро дар одамрабоӣ ва куштори устоди Донишгоҳи тиҷорат Исмоилҷон Раҳмонов  бо бераҳмии махсус гунаҳкор шинохта, ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои подполковник Юсуфзода аз додгоҳ 20 соли зиндон талаб карда буд.

Хешованди ӯ Исмоилҷон Шукуров танҳо дар одамрабоӣ гунаҳкор шинохта шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум гардидааст. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Шукуров аз додгоҳ ҳамин 12 сол  ҳукми зиндон хоста буд, вале вакилони дифои Шукуров қаблан дар додгоҳ гуфта буданд, ки  Шукуров аз қасди хешовандаш барои рабудани омӯзгор хабар надошт ва фикр мекард, ки ба корманди милитсия барои боздошти ҷинояткор кумак карда истодааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ дар посухи хаттӣ ба радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) навиштааст, ки ҳукми Акмал Юсуфзода ва Исмоилҷон Шукуров 28-уми феврали соли 2024 содир шудааст. Бино ба ин посух, Юсуфзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар  одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор дониста шуда, Исмоилҷон Шукуров танҳо ба одамрабоӣ гунаҳкор шудааст.

Назари худи маҳкумшудагон ва наздикони онҳо ба ҳукми содиршуда дастрас нест. Маълум нест, ки оё онҳо ин ҳукмро мепазиранд ваё аз он ба марҳалаи кассатсионӣ шикоят хоҳанд бурд?

Ин ҳам маълум нест, ки оё ҳукми зиндони Юсуфзода ва Шукуров наздикони устоди кушташударо то куҷо розиву қонеъ сохтааст?

Исмоилҷон Раҳмонов моҳи июни соли 2023 ғайб зад ва то ҳол ҷасади ӯро пайдо накардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон  қаблан хабар дода буд, ки сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии УБОП, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам бо шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович ҳанӯз рӯзи 15 июни соли 2023, яъне ҳамагӣ 3 рз баъди нопадид шудани Исмоил Раҳмонов бо иттиҳоми одамрабоӣ ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба иттилои додситонӣ, Акмал Юсуфзода шаби 12 июни соли 2023, соати 23:20, аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш  Исмоилҷон Шукуров устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хидматияш, ки тамғаи “Ҳюндай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030 UD 01 савор кардаанд.

Сипас, онҳо  дастони Раҳмоновро баста, ба самти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд роҳсипор гардида, дар километри 118-уми шоҳроҳи мазкур, дар канори деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаро боздошта, маҷбуран Исмоилҷон Раҳмоновро фароварда, бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 23-юми феврал дар додгоҳ гуфта буд, сабаби сар задани ҳодиса, рашки Акмал Юсуфзода аз мукотибаҳои ҳамсараш бо омӯзгор Исмоилҷон Раҳмонов шудааст. Ба гуфтаи додситон, афсар чанд бор навиштаҳои ҳамсарашро бо омӯзгор дар Фейсбук дида, ахириро огоҳ кардааст, ки дигар ба ҳамсари ӯ паёмҳои ошиқона нанависад. Ҳамсари ин афсар омӯзгори забони англисии Донишгоҳи тиҷорат аст ва ҳамкори Исмоил Раҳмонов буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, Акмал Юсуфзода ҳамчун зодаи вилояти Суғд медонист, ки дар километри 118-и роҳи Душанбе-Чаноқ дарёи Фон пурталотум аст ва “одам наҷот намеёбад.” Ба таъкиди айбдоркунандаи давлатӣ, бар илова, Юсуфзода аввал дастони омӯзгор Исмоил Раҳмоновро баста, дар нимашаб ӯро бо дастони баста ба дарё партофтааст, ки ин ҳатто кӯчактарин шонси наҷот ёфтани устоди донишгоҳро ба сифр баробар мекунад.

Ҳамсари Акмал Юсуфзода то ҳол сарусадоҳо дар бораи муносибатҳои ошиқона доштанаш бо Исмоилҷон Раҳмоновро шарҳ надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button