Хабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТИ ТЕЛЕФОН ВА 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ДАР КӮЧАИ ЮСУФ ВАФО

Маркази матбуоти ВКД аз ошкор шудани боз як ҳолати ғоратгарӣ хабар дод. Бино ба иттилои нашршуда, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми феврали соли 2024, тахминан соати 03:00 ҳангоми дар кӯчаи Юсуф Вафо қарор доштанаш, марди 33 ва ҷавони 25-солаи сокинони ноҳияҳои Нурободу Муъминобод, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-23» ва аз дохили ҳамёни электронии корти «Душанбе Сити», ки дар телефонии мобилиаш пайваст буд, маблағи 10 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Маълум нест, ки он ду нафар ин сокини Душанберо дониста ғорат кардаанд ваё ӯ қурбонии тасодуфии ғоратгарон шудааст?

ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бино ба омори ВКД, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 107 ҳолати ғоратгарӣ ва 19 ҳолати раҳзанӣ сабт шудааст. Ин ҳарчанд назар ба 38 роҳзанӣ ва 132 мавриди ғоратгарии соли 2022 сабтшуда камтар аст, вале омори ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button