АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МУЗОКИРОТИ МАХФИИ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН БО ТОЛИБОН. ҚИСМИ 2: ШАРТҲОИ АНСОРУЛЛОҲ БА ҲУКУМАТ

Пажуҳишгоҳи умури ҷаҳонии Швейтсария (Swiss Institute for Global Affairs – SIGA)  рӯзи 21 феврали соли 2024 дар як матлаби ихтисосӣ дар бораи музокироти махфии мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони гуруҳи тундрави Толибон, ки соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ба даст оварданд, хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ, музокираҳо бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфта, гӯё ҷониби Тоҷикистон ба Толибон аз байн бурдани “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ба Душанбе супурдани аъзои ин гуруҳи мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро тақозо кардааст. Аммо намояндагони Толибон ба мақомоти тоҷик истифодаи роҳи музокирот бо ин гуруҳи мухолифашро машварат дода, гуфтаанд, ки  метавонанд байни ҳукумати Тоҷикистон ва “Ансоруллоҳ” нақши миёнаравро иҷро карда, ин музокиротро барпо кунанд.

Дар Душанбе то ҳол хабари музокироти махфӣ бо Толибонро шарҳ надодаанд.

Дар қисми дуюми мақолаи Франс Марти (Franz J. Marty) мехонед, ки оё Ансоруллоҳ ба ҳукумати Тоҷикистон барои шурӯи музокирот кадом пешшартҳоро гузошт:

ТАЛОШҲОИ МУШКИЛИ МУСОИДАТ БА МУЗОКИРОТ

Баъди чанд рӯзи музокироти моҳи ноябри соли 2023  корвони мошинҳои Толибон бо ҳамон роҳ аз Тоҷикистон ба Кобул баргашт ва дигар мунтазири ҷавоби ниҳоии Тоҷикистон нишааст.

Дар оғози моҳи декабри соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон ба Толибон посухи хаттӣ фиристод. Ба гуфтаи манбаи афғонӣ, ки акси ин номаро дидааст, ҳукумати Тоҷикистон усулан барои ташкили як ҳайъат ва нишастан пушти мизи музокиро бо Ансоруллоҳ розигӣ додааст. Манбаи дуюм дар умум вуҷуди мукотибаи расмӣ байни Тоҷикистон ва Толибонро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод.

Ва аммо ба Толибон ба музокирот бо ҳукумати Тоҷикистон водор кардани Ансоруллоҳ зоҳиран мушкилтар хоҳад буд. Бино ба манбаи афғонӣ, намояндагони Толибон ду дафъа: моҳи декабри соли 2023 ва моҳи январи соли 2024  дар қаламрави Афғонистон бо афроди Ансоруллоҳ мулоқот доштаанд. Дар ин дидорҳо аъзои Ансоруллоҳ мусолиҳаву оштӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро қатъиян рад кардаанд, зеро онҳо ин ҳукуматро душмани оштинопазир ва кофир мешуморанд, ки бояд сарнагун карда шавад.

Ва аммо, меафзояд манбаи Пажуҳишгоҳи Швейтсария, талошҳои Толибон дар ниҳоят аъзои Ансоруллоҳро  ба каме сабуктар кардани мавқеашон моил ё водор кардаанд. Онҳо гуфтаанд, бо ҳукумат пушти мизи музокирот хоҳанд нишаст, агар ҳукумат чанд шартро иҷро унад. Дар мулоқоти дуюм аъзои Ансорулллоҳ рӯйхатти талаботи худро дар шакли хаттӣ ба дасти Толибон супурдаанд.

Ин шартҳои густохона аз ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла тақозо мекунад ки:

  1. Давлати исломӣ эълон кунад.
  2. Хуруҷи нирӯҳои Русияро аз кишвар ба роҳ бимонад.
  3. Аъзои зиндонии Ансоруллоҳро аз зиндонҳо раҳо кунад.
  4. Дар Тоҷикистон мадрасаҳо ташкил кунад.

Бо дарназардошти аз воқеият дур будани ин талабҳо, Толибон музокираҳоро бо Ансоруллоҳ идома додаанд ва баъди табодули назарҳо Ансоруллоҳ розӣ шудааст, ки барои шурӯи музокирот танҳо як пешшарт бигузорад: хуруҷи нирӯҳои Русия аз қаламрави Тоҷикистон.

Ва аммо яке аз намояндагони Толибон, ки аз ҷараёни ин таҳаввулот огоҳ аст, дар суҳбати маҳрамона гуфт, талошҳо барои мусолиҳа зиёд ҷиддӣ нест ва Ансоруллоҳ ҳамчунон барои ҷанг омодагӣ дида истодааст. Ӯ талошҳои зикршударо бо айни талошҳои Толибони Афғонистон барои ошти додани Таҳрики Толибони Покистон бо Исломобод муқоиса кард ки он ҳама хеле зуд аз ҳам пошид ва афзоиши шумораи ҳамлаҳои Таҳрики Толибони Покистонро дар пай дошт.

Дар ҳамин ҳол, ин намояндаи Толибон ҳамзамон анҷом додани маъракаи таблиғи музокирот бо омодагиҳо ба ҷангро “шеваи озмудашуда” номид. Ӯ зоҳиран ба таҷрибаи худи Толибон ишора мекард, ки дар вақташ дар баробари пеш бурдани музокирот бо Амрикову ҳукуматив ақти Афғонистон амалиётҳои худро низ афзоиш медоданд ва дар ниҳоят дар моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон бо истифода аз нирӯ ба дасти худ дароварданд.

Ин намояндаи Толибон ва манобеи дигар алоҳида аз якдигар хабар доданд, ки Толибон ҳамчунон ба аъзои Ансоруллоҳ нафақат иҷозати равуои озод ва анҷоми тамринҳо дар дохили Афғонистонро дода истодаанл, балки ба онҳо бо пулу мол кумак ҳам мерасонанд.

Ва аммо агар аз ҳақиқат нагузарем, манбаи шакку шубҳаҳо ба комёбии музокироти сулҳ танҳо ба ҷониби гуруҳи ҷиҳодиҳо бастагӣ надорад. Ҳарчанд мавқеи дақиқи ҳукумати Тоҷикистонро дар ин масъала муайян карда нашуд, маълумоти мавҷуда баёнгари он аст, ки Душанбе чандон хоҳиши розӣ шудан ба гузаштҳои ҷиддие дар баробари талабҳои ҷиҳодиёнро надорад ва ба эҳтимоли ғолиб, ба таслим шудани Ансоруллоҳ пойфишорӣ хоҳад кард.

Бо дарназардошти чунин мавқеъҳои ғайриҷиддии тарафҳои зидахл, шонси ҳатто шурӯи музокирот, чӣ равад ба комёбии он, хеле ночиз аст.

Ба ин тартиб, як сенарияи ғолиб ин аст, ки Ансоруллоҳ дар Афғонистон боқӣ монда, ҳадафи пешугузоштааш, яхне “ҷиҳод” ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро идома хоҳад дод.  Ба чанд далел, бо шумули ин ки Ансоруллоҳ дар дохили Тоҷикистон пуштибонии чандоне надорад ва дарёи Панҷ ҳам як садди табииест, ки метавонад марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро назар ба марзи баҳсии заминии байни Афғонистону Покистон беҳтар ҳимоят кунад, ҳарчанд эҳтимоли чунин сенария қавӣ ба назар мерасад, вале ба ҳар ҳол, Ансоруллоҳ низ метавонад ба мисли Таҳрики Толибони Покистон даст ба ҳамлаҳои зиёд ба зидди Тоҷикистон бизанад. Метавон интизор дошт, ки бар хилофи талаби Толибон аз ин гуруҳ, ки сар боло накунанд, Ансоруллоҳ метавонад кӯшишҳояш барои зарба задан ба Тоҷикистонро идома диҳад ва шояд ягон рӯз онҳо нисбат ба ду кӯшиши нокоми ҳамла дар соли 2023 ба муваффақияти бештаре дар ин роҳ даст ҳам биёбанд.

Азбаски Ансоруллоҳ танҳо гуруҳи ҷиҳодии хориҷӣ дар Афғонистон нест ва вазъ дар робита ба дигар гуруҳҳои ҳамсон, бо шумули “Ал—Қоида” низ чунин аст,  бо вуҷуди  гузариш аз мубориза бо терроризм ба рақобати байни абарқудратҳо,  ҷиҳодизм  ҳамчунин як масъалаи доғи геополитикӣ боқӣ мемонад.

Як дипломат аз кишварҳри минтақа ба Пажуҳишгоҳи умури ҷаҳонии Швейтсария вуҷуди талошҳои Толибон барои мусоидат ба музокироти байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ансоруллоҳро тасдиқ  ва махсус таъкид кардааст, ки  Ансоруллоҳ дар ҳақиқат хуруҷи сарбозони Русия аз Тоҷикистонро ҳамчун шарти пешакӣ барои оғози музокирот гузоштааст. Ӯ афзуд, ки иҷрои ин талаб “ғайримумкин аст” ва Ансоруллоҳ ва Толибон бояд ягон шарти дигар гузоранд.

Ҳамин тавр, як манбаъ, ки ба аъзои Ансоруллоҳ дастрасӣ дорад, низ тасдиқ кард, ки дар бораи музокироти сулҳ байни Ансоруллоҳ ва ҳукумати Тоҷикистон суҳбатҳо ҷараён доранд.

Бо дарназардошти тасдиқ шудани ин хабар аз сӯи тарафҳои гуногун, амалан шубҳае боқӣ намемонад, ки чунни талошҳо барои ташкили музокироти сулҳ анҷом дода шуда истодаанд, вале ҳанӯз ба ягон пешрафти қобили мулоҳиза нарасидаанд.

ҚИСМИ АВВАЛИ ИН МАТЛАБРО ИНҶО БИХОНЕД:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button