АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МУЗОКИРОТИ МАХФИИ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН БО ТОЛИБОН

Пажуҳишгоҳи умури ҷаҳонии Швейтсария (Swiss Institute for Global Affairs – SIGA)  рӯзи 21 феврали соли 2024 дар як матлаби ихтисосӣ дар бораи музокироти махфии мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони гуруҳи тундрави Толибон, ки соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ба даст оварданд, хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ, музокираҳо бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфта, гӯё ҷониби Тоҷикистон ба Толибон аз байн бурдани “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ба Душанбе супурдани аъзои ин гуруҳи мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро тақозо кардааст. Аммо намояндагони Толибон ба мақомоти тоҷик истифодаи роҳи музокирот бо ин гуруҳи мухолифашро машварат дода, гуфтаанд, ки  метавонанд байни ҳукумати Тоҷикистон ва “Ансоруллоҳ” нақши миёнаравро иҷро карда, ин музокиротро барпо кунанд.

Аъзои “Ансоруллоҳ” дар гузашта дар канори ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон ба зидди нирӯҳои урдуи ҳукумати қаблии Афғонистон ва ҳомиёни он аз эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ва паймони ҳарбии НАТО меҷангид.

Дар Душанбе то ҳол хабари музокироти махфӣ бо Толибонро шарҳ надодаанд. Ба таври расмӣ мақомоти Тоҷикистон бо режими нави Толибон ҳамкорӣ надорад ва Толибон ҳамеша Душанберо ба пуштибонии ошкор аз нирӯҳои зиддитолибонӣ айбдор мекунанд.

Нуктаҳои муҳими мақолаи Франс Марти (Franz J. Marty) инҷо пешниҳодатон мешавад:

ИХТИСОСӢ: ТАЛОШҲО БАРОИ МИЁНАРАВӢ БАРОИ ОШТӢ ДОДАНИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БО ЯК ГУРУҲИ ҶИҲОДИЁНИ ТОҶИК

Бино ба маълумоти ихтисосии Пажуҳишгоҳи умури ҷаҳонии Швейтсария, гуруҳи Толибон дар музокироти махфӣ бо мақомотр Тоҷикистон ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” талош кардаанд, ки байни мақомоти расмии Тоҷикистон ва гуруҳи Ансоруллоҳ ҳамчун миёнарав барои ташкили музокироти байни ин ду ҷониб дастбакор шавад. Вале ин талошҳо ҳамроҳ бо мушкилоти фарон буда, натиҷаҳояш норӯшан ва ҳатто метавон гуфт, машкук боқӣ мемонад ва ин ба маъноест, ки нигарониҳо дар бораи ҳузури ҷиҳодиёни хориҷӣ дар Афғонистон як мавзӯи доғи геополитикӣ боқӣ мемонад.

АЗ КУҶО САР ШУД?

8 ноябри соли 2023 як корвони мошинҳо тавассути вилояти Қундуз ба тарафи дарёи Панҷ, ки хатти марзи Афғонистону Тоҷикистон аз рӯи он мегузарад, раҳсипор шуд. Ин клорвон дар инҷо аз пуле, ки Шерхон Бандарро бо Панҷи поён мепайвандад, гузашта, вориди Тоҷикистон шуд.

Кам касе ба ин корвони мошинҳо таваҷҷуҳ кард. Ва кам касе медонист, ки мусофирони ин мошинҳо чӣ афроде баландпояе ҳастанд: чанд мақоми баландпояи Толибон, бо шумули Раҳматуллоҳ Наҷиб, муовини дуюми раҳбари идораи ҷосусии Толибон, ҳамчунин намояндагони вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии Толибон.

Тайи чанд рӯзи дигар ин намояндагони Толибон дар як макони номушаххас дар Тоҷикистон бо мақомоти расмии ин кишвар мулоқот карданд. Ба гуфтаи манбаи мустақиман наздик ба як толиби аз ҷараёни қазия, маҳз ҷониби Тоҷикистон хостори ин мулоқот барои баррасии масъалаи гуруҳи Ансоруллоҳ шуда буд.

Гуфта мешавад, мақомоти расмии Тоҷикистон дар пайи дар санаи 5 сентябри соли 2023 дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз байни бурдани се марди мусаллаҳ ба Толибон муроҷиат кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ин се нафар аъзои Ансоруллоҳ буда, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз кушта шуданашон аз вилояти Бадахшони Афғонистон  бо мақсади анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба Тоҷикистон омада буданд.

Ансоруллоҳ як гуруҳи ҷиҳодиест, ки соли 2006 аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон Амриддин Табаров, ки соли 2015 дар Афғонистон кушта шуд, созмон ёфтааст. Ин гуруҳ дар пайи барандохтани ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, чунки онро лӯхтаки дасти Русия мешуморад ва мехоҳад ба ҷои он як ҳукумати исломиро рӯи кор биорад. Маълумоте низ вуҷуд дорад, ки Ансоруллоҳ бо Ал Қоида робита дорад.

Толибон ҳузури аъзои Ансоруллоҳ ва дигар ҷиҳодиёни хориҷиро дар хоки Афғонистон рад мекунанд. Вале далелҳои раднопазире ҳузури аъзои Ансоруллоҳ дар шимоли Афғонистонро собит мекунанд ва инро дар суҳбатҳои инфиродӣ намояндагони Толибон ҳам тасдиқ мекунанд.

Бино ба ҳисобҳо, шумори аъзои мусаллаҳи Ансоруллоҳ дар Афғонистон аз даҳҳо то садҳо нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд бархе манобеъ иддао доранд, ки онҳо чанд ҳазор нафаранд.

Ба гуфтаи як толиби аз ҷараён огоҳ, дар мулоқоти моҳи ноябри соли 2023 бо дарназардошти ин ҳаводис, мақомоти расмии Тоҷикистон дар аввал аз Толибон истирдоди аъзои Ансоруллоҳро, ки қариб ҳамааш шаҳрвандони Тоҷикистонанд, талаб кардаанд.  Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон ба Толибон ҳатто рӯйхатти аъзои Ансоруллоҳро бо макони зисти дақиқи онҳо дар Афғонистон ҳам ироа кардаанд.

Аммо Толибон тақозои истирдодро ҳамчун як кори ношудание, ки ба ҳалли масъала мусоидат намекунад, рад кардаанд. Ба ҷои ин Толибон пешниҳод додаанд, ки метавоннад ба музокироти сулҳи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ансоруллоҳ мусоидат кунанд…

ДАВОМ ДОРАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button