ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ КУШТА ВА ЯК ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО МОШИНИ БОРКАШ ДАР ХУРОСОН

Шоми 1 ноябри соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон дар натиҷа ба қисмати қафои мошини боркаши тамғаи “Мерседес” бархӯрдани мошини мусофиркаши тамғаи “Опел-Астра” се мусофири “Опел”, аз ҷумла як зани 58-сола, як ҷавони 21-сола ва як кӯдаки 9-сола ба ҳалокат расида, ронандаи “Опел” ҷароҳат бардоштааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2023 дар шарҳи ин ҳодиса хабар дод, ки шоми 1-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Тоиров Раҷабалӣ Абдукаримович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои мошини боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Бегов Умед Малатбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили мошини “Опел-Астра”, Зокирова Хатича Сулаймоновна, соли таваллудаш 1965, Ҳасанов Муҳаммад Қодирович, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Вахш ва ноболиғ Ғуломов Билол Акмалович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи “Опел-Астра” Тоиров Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button