ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

МУОВИНИ САРВАЗИРИ РУСИЯ: ТОҶИКИСТОН ТО ҲОЛ БАРОИ ПАЙВАСТАН БА УЗВИЯТИ ЕАЭС МАЙЛ НИШОН НАДОДААСТ

Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук рӯзи 16 июни соли 2023 дар ҳошияи Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург (ПМЭФ) дар мусоҳиба бо хабаргузории русии РИА Новости  эътироф кард, ки мақомоти Тоҷикистон то кунун барои пайвастан ба узвияти Иттиҳоди ҳамкории АвроОсиё (ЕАЭС) ягон паём надодааст.

Аз Душанбе барои пайвастан ба ЕАЭС ягон паём нарасидааст. Ин қарорест, ки бояд онҳо худашон қабул кунанд. Инки чӣ гуна ин қарорро қабул мекунанд ё на?, масъалаест, ки пурра дар дасти худи онҳост “, – изҳор дошт Оверчук, вале афзуд, ки Маскав ба навбати худ ба ҷониби Тоҷикистон  чӣ  имтиёзҳо доштани узвият дар ин созмонро мефаҳмонад.

“Ин имтиёзҳо ҳам дар мавриди тиҷорати бемамониат ва ҳам қаламрави ягонаи гумрукист ва ҳам марбут ба бозори ягонаи кор “, –  шарҳ дод Оверчук, ки қарор аст, рӯзҳои наздик ҳамроҳи Марат Ҳуснуллин, боз як муовини дигари сарвазири Русия аз Тоҷикистон боздид кунад. Интизор меравад, ки Оверчук ва Ҳуснуллин низ дар Душанбе бори дигар талош хоҳанд кард, то мақомоти Тоҷикистонро барои пайвастан ба ин созмони минтақавии зери назорати Кремл мутақоид кунанд.

Русия чандин сол боз талош дорад, то Тоҷикистонро барои пайвастан ба саффи Иттиҳоди ҳамкории АвроОсиё (ЕАЭС) моил кунад, вале то кунун бенатиҷа. Нозирони умур бар инанд, ки Маскав дар пайи ба сабаби ҷанги зидди Украина дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтанаш дар ин авохир фишорро болои Душанбе бо талаби пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС афзоиш додааст. Бисёриҳо мавҷи ахири боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русияро аз ҷумла ба ҳамин масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ин созмон рабт медиҳанд.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки рӯзи 5 июни соли 2023 аз Тоҷикистон боздид кард,  дар суханрониаш дар пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе гуфт, Маскав умедвор аст, ки Тоҷикистон батадриҷ фоидаҳои Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро дарк хоҳад кард.

“Мо хеле умедворем, ки ҷониби Тоҷикистон ба зудӣ ба сӯду манфиаташ будани узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро мефаҳманд. Одамон дар ин масъала кор карда истодаанл, як механизми махсуси машваратҳо вуҷуд дорад “, – изҳор дошт раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия.

Вале сардори департаменти иттилоот ва намояндаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ба хабаргузории русии ТАСС гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир масъалаи пайвастани ин ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро баррасӣ намекунанд. Ӯ таъкид кард, ки ин масъала дар мулоқоти Лавров бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баррасӣ нашудааст.

 “Масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС дар дастури кор қарор надорад. Дар ҷараёни мулоқотҳо дар Душанбе тамаркуз рӯи фаъолтар кардани ҳамкорҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, ҳамчунин рӯи ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ буд”, – изҳор доштааст Шоҳин Самадӣ.

Назарҳо дар ҷомиаи Тоҷикистон дар мавриди пайвастани ин кишвар ба ЕАЭС мухталиф аст. Узвият дар ин созмонро барои будубош ва кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳамчунин барои рушди тиҷорат бо кишварҳои узви ин созмон муфид мешуморанд.

 Вале як мояи нигаронии ниҳодҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ин аст,  ки дар сурати пайвастан, тиҷорат бо кишварҳои ЕАЭС бояд бидуни боҷу хироҷи гумрукӣ сурат бигирад ва дар чунин сурат, буҷаи Тоҷикистон ҳар сол аз тақрибан 300 миллион доллар боҷу хироҷе, ки аз ҳисоби тиҷорат бо кишварҳои узви ЕАЭС ба даст меомад, маҳрум мешавад.

Мухолифони ҳукумат аз имкони сӯиистифода аз имтиёзҳои гумрукӣ маҳрум шудани ширкатҳои феълан соҳибимтиёзи марбут ба мансабдорони баландпояи ҳукумат ва хешу табори онҳоро як сабаби дигар ва ҳатто сабаби асосии саркашии Душанбе аз пайвастан ба ЕАЭС мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button