Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ КОМПЮТЕР ВА КОНДИТСИОНЕР АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН ДАР ҲАМАДОНӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 06.05.2023

Боздошт гардидани ноболиғи 17-сола бо гумони дуздӣ

158 2

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза зани 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 1-адад компютери тамғаи “Самсунг” ва 1-адад таҷҳизоти барқии кондитсионер, тамғаи “LG”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button