Хабарҳои кӯтоҳ

ХУСУМАТ Ё ШӮХӢ? САИДАКРАМ ТИРЕЗАҲОИ МАҒОЗАИ МЕБЕЛФУРӮШИРО БАРОИ ЧӢ ШИКАСТ?

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16 апрели соли 2023 аз боздошти ҷавони 33-солае хабар дод, ки ба қасдан шикастани тирезаҳои мағозаи фурӯши мебел айбдор мешавад.

Бино ба иттилоияи милитсияи пойтахт, як сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат карда, хабар додааст, ки шаби 14-уми апрели соли ҷорӣ шахси номаълум шишаҳои тирезаи мағозаи фурӯши мебел дар кӯчаи М.Маҳмадалиро зада шикастааст.

Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани қасдан несту нобуд кардани молу мулк шаҳрванд Носиров Саидакрам Иброҳимович, санаи таваллудаш 09.07.1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Меҳнатобод дастгир карда шуд.

Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия мегӯяд, “зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда аз рӯйи хусумату бадбинӣ ва бо мақсади тарс додану шӯхӣ кардан, дар рӯй ниқоб ва либосҳои сиёҳро пӯшида, шабона ба мағозаи фурӯши мебели рафиқаш рафтааст. Носиров Саидакрам чанд тирезаро шикаста, ҳамчунин бо ин амалу рафтораш оромии шаҳрвандонро низ халалдор сохтааст”.

Феълан шаҳрванд Носиров Саидакрам ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуда, таҳти тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Ба ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 255 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365  нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 17 ҳазор то 25 ҳазору 500 сомонӣ)  ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол, ваё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button