Ҳодиса

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОКИНИ ШУҒНОН БАРОИ ТАШҚИРИ МОДАРИ 80-СОЛААШ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 15 апрели соли 2023 аз ошкор шудани як ҳодисаи таҳқири модари солхӯрда дар ҳолати мастӣ ва ҳабси фарзанд барои чунин кирдори нангин хабар дод.

Милитсияи Бадахшон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Мутаассифона, дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки бузургӣ ва мақому манзалати волои модарро нодида гирифта, дар ҳолати сархушӣ модари хешро мавриди таҳқир ва дашному ҳақорат қарор медиҳанд. Аламовар он аст, ки ин кирдори ғайриахлоқиро баъзе аз фарзандон дар назди ҳамсоягон анҷом медиҳанд. Чунончӣ, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Одинабеков Зокир Толибекович санаи таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Поршинев, деҳаи Хоса дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо модари 80-солааш ҷанҷолу муноқиша намуда, бо овози баланд доду фарёд намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст”.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Одинабеков Зокир барои таҳқиру озори модар дар ҳолати мастӣ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ва бо қарори додгоҳи ноҳияи Шуғнон нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Милитсияи Бадахшон дар иттилоияш гуфт: “Ҳадафи асосии таҳияи ин мавод таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунанда набуда, мақомоти милитсия бо ин васила мехоҳад пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандон гирифта шуда, маърифат ва адолати ҳуқуқӣ, фазои солими хонаводагию оиладорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад”.

Худи Зокир Одинабеков ва наздиконаш барои шарҳи бештари ин қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button