ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

ДИГАР ҲЕҶ ГОҲ ПОЯМРО БА ТОҶИКИСТОН НАМЕМОНАМ! РОНАНДАИ РУС МАРЗИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ҲАМА ФАСОДЗАДА НОМИД (ВИДЕО)

Иля Иваков, як ронанда аз Русия, ки дар Ютуб канали худро ҳам дорад, дар видеои навбатиаш дар пайи сафараш ба Тоҷикистон башиддат аз вазъи коррупсияи дар ин кишвар интиқод кард ва гуфт, “марзи Тоҷикистон дар байни тамоми марзҳое, ки ман гузаштаам, аз ҳама фасодзадатарин аст”.

Иля Аваков, ки барои як ширкати истихроҷи тиллои Тоҷикистон аз Воронеж таҷҳизоти тоза кардани тилло меовард ва аз марзи Ӯзбекистон бо вилояти Суғд вориди Тоҷикистон шуд, дар видеои 32-дақиқагӣ, ки бо номи Таджикистан, никогда больше сюда не приеду!” (“Тоҷикистон, ман ҳеҷ гоҳ дигар поямро ба ин ҷо намемонам!”), ки рӯзи 1 марти соли 2023 нашр кард, гуфт, танҳо барои гузаштани марз қариб 400 доллар пул додааст. “Тасаввур кунед! Ман дар тӯли тамоми роҳам аз Воронеж то Тоҷикистон ин қадар пул харҷ накардам, ки танҳо барои гузаштани марзи Тоҷикистон! Ин даҳшат аст!”, – изҳор дошт ронандаи рус. Ин видеоро дар байни 5 рӯз алакай 164 ҳазор нафар тамошо карда, беш аз 1000 нафар зераш шарҳҳои аксаран манфӣ навиштаанд. Гуфтанист, ки як бахши шарҳнависон зодагони худи Тоҷикистонанд, ки онҳо низ аз ба ҷон омаданашон аз пулкании мақомоти мухталиф шикоят кардаанд.

Иля Аваков

Иля Аваков мегӯяд, “табиати Тоҷикистон, албатта, хеле зебост. Ва мардумаш ҳам мардуми хуб аст. Вале на кормандони гумрукаш! Сатҳи коррупсия дар ин идора даҳшатбор аст! Ва аз ҳама бадаш он аст, ки коррупсия рӯшоду рӯирост аст! Дар инҷо касе аз ин ки аз шумо пул тамаъ мекунанд, шарм ҳам намедорад. Рӯирост мегиранд! Пинҳон ҳам намекунанд! Вақте шумо ба марз медароед, ба шумо як санад бо номи “бегунок” медиҳанд, ки бо он бояд ба пеши нафарони мухталиф рафта, имзои ҳар кадомашро бигиред. Ва ҳар кадомаш ҳаққи худро талаб мекунад.  Пул те, пул  те, пул те…”

Иля Аваков мегӯяд, ҳарчанд ин пулҳоро ӯ на аз ҷайби худаш, балки аз ҳисоби ширкатҳое, ки истихдомаш кардаанд, пардохт мекард, вале дар умум “ончӣ ки ман дар Тоҷикистон дидам, ҳеҷ хушам наомад. Ва ман ҳоло орзу дорам, ки ҳарчӣ зудтар марзи Тоҷикистонро гузараму ба Ӯзбекистон бирасам. Ҳарчанд мутмаинам, ки ҳатто аз мошини аз ин тараф холии ман низ кормандони гумруки Тоҷикистон бо ҳар баҳона дар роҳи бозгашт боз ягон 200 доллари дигар мекананд… Қарори ман дигар қатъист: Дигар поямро ба тарафи Тоҷикистон намемонам!”

Иля Аваков мегӯяд, вақте дар роҳи пулакӣ дар дохили Тоҷикистон кормандони ГАИ ҳам бо баҳонаи хориҷ аз габарит будани бораш ӯро боз 620 сомонӣ ҷарима бастанд, ба натиҷае расид, ки “нафақат марзҳояш, балки тамоми ин кишвар саропо фасодзада аст”. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ҷаримааш бастанд, ки дар марз ӯ барои интиқоли бори хориҷ аз габарит дар қаламрави Тоҷикистон алоҳида маблағи зиёде пардохт карда буд.

Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунё ба шумор меравад. Дар охирин раддабандии созмони байналмилалии “Transparency International”, ки моҳи январи соли 2023 нашр шуд, Тоҷикистон дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи коррупсия дар зинаи 150-ум гузошта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Муҳоҷир Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Бинозам ба шикоятат, рус!
    Тоҷикистон коррупсияро аз россия омӯхтааст. Россияи аврупоӣ дар раддабандии фасодзадаҳо дар қаттори кишварҳои африқоӣ қарор дорад. Миллиардҳо рубли тоҷикон солона сарфи ҷайби ришвахӯрони ФМС, МВД, ФСБ россия мешавад.

  2. Э Руссхо хар минут мухочироя пулаша мегирад охир шумхо руссхо а мо батар коррупция ва 1 ба 1 хичгапне ИЛЯЧОН

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button