Илму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИК ҲАЙДАР САФИЕВ

Ҳайдар Сафиев, академик, профессор, доктори илмҳои кимий ва ректори собиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 20 январи соли 2023, ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз зодрӯзаш дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи сабабҳои марги олими шинохта чизе гуфта нашудааст. Вале бисёриҳо дар зери хабари марги академик Сафиев даргузашти ӯро талафоти бузурге барои илми тоҷик номида, бахусус аз хидматҳои ӯ дар наҷоти фаъолияти корхонаи алюминсозии Турсунзода дар пайи қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ёдовар шудаанд.

Ҳайдар Сафиев 5 феврали соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1972 бо ихтисоси технологияи маводи ғайриорганикӣ Донишкадаи политехникии Киев ва сипас Донишкадаи ҷамъиятии патентшиносиро хатм намудааст (1972).  ихтисос – «технологияи маводи ғайриорганикӣ». Ӯ солҳои 1972 то 1973 ассистенти кафедраи Донишкадаи политехникии Киев буд ва сипас ба зодгоҳ баргашта,  солҳои 1977-1982 ба ҳайси мудири кафедраи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, сипас дар мақоми муовини мудири шуъбаи илм, техника, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1982-1987), мудири озмоишгоҳи Донишкадаи кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Тоҷикистон (1987-1998) кор кардааст. Ҳайдар Рафиев баъдҳо дар солҳои 90 саркотиби илмии АИ Тоҷикистон (1991 то 1998),  муовини сардори шуъбаи техникаи Корхонаи алюминийи Тоҷикистон (1998-2001), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2001-2005), мушовири Президенти ҶТ дар масъалаҳои илм ва технологияҳои баланд (2005-2009) буд ва аз соли 2009 то поёни умраш ба ҳайси мудири Донишкадаи илмиву тадқиқотии металлургияи Корхонаи воҳиди давлатии ТАЛКО кор кардааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Ҳайдар Сафиев кимиё ва технологияи маводи ғайриорганикӣ, коркарди ҷомеи ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ буд.  Ӯ муаллифи беш аз 300 асари илмӣ буда, Беш аз 30 шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС, патентҳои Русия ва Тоҷикистонро дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button