Афғонистон

САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ГУФТ, ТОЛИБОН ӮРО АЗ КОР ГИРИФТА НАМЕТАВОНАНД

Бахши форсии нашрияи “The Independent” хабар дод, ки вазорати хориҷаи “Толибон” генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанберо аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Муҳаммадзарифи Асирро сафири нави ҳукумати Толибон дар Тоҷикистон таъйин кардааст. Бино ба иттилои ин нашрия, фармони барканории генерал Ағбар ҳанӯз 27 ноябри соли 2022 содир шуда, Толибон дар баробари таъйини Зариф Асир ба мақоми сафир ҳамчунин Ҷаводи Шӯъла ва Кабири Қасимро низ ба ҳайси консул ва атташе дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин кардаанд.

Ҳамсуҳбатони бахши форсии нашрияи “The Independent” иддао кардаанд, ки  фармони вазири хориҷаи Толибон Амирхон Муттакӣ дар бораи таъйини сафири нави Афғонистон дар Душанбе дар авоили моҳи декабр ба  самъи кормандони сафоратхона дар пойтахти Тоҷикистон расонда шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Толибон ҳанӯз 5 моҳ қабл тамосҳо бо ҳукумтаи Тоҷикистонро ба роҳ андохта ва нафаре бо номи Қорӣ Файзулраҳмон Атоиро ҳамчун намояндаи расмии худ дар Душанбе таъйин карда буданд, вале ӯ он вақт ба сабабҳои номаълум ба Тоҷикистон нарафт.

Дар ҳамин ҳол, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба хабаргузории давлатии Тоҷикистон “Ховар” гуфт, расонаҳои хориҷӣ хабари барканории ӯро барои ҷалби таваҷҷуҳ қасдан паҳн мекунанд. Ӯ афзуд, сафорати таҳти раҳбарии ӯ дар ҳудуди ҷумҳуриест, ки   ҳукумати нави Кобулро расман эътироф накардааст.

«Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омадани Толибон изҳор намуд, ки ин гурӯҳ  ва вазири корҳои хориҷии он Муттакиро низ эътироф намекунад. Кори мо идома дорад», – таъкид кардааст генерал Ағбар.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар соли 2020 сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ аз афроди содиқ ба генерал Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти Афғонистон дар даврони раёсати Ашраф Ғанӣ шумурда мешавад. Моҳи августи соли 2021 вақте ки Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва ҳукумат ба дасти Толибон гузашт, Ағбар дар сафорати Афғонистон дар Душанбе акси Ашраф Ғаниро канд ва ба ҷояш акси Солеҳро часпонд ва гуфт, тибқи Қонуни асосии Афғонистон, дар сурати корношоямии президент ба курсии ӯ ноибаш бояд бинишинад.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки аз ҳукумати нави Толибон фосила гирифта, баракс мухолифони мусаллаҳи ин режим аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъудро пуштибонӣ мекунад. Бино ба хабарҳо, Аҳмади Масъуд, собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ва собиқ вазири мудофиаи он кишвар Бисмиллоҳхон ва боз даҳҳо тани дигар аз мансабдорони собиқи афғон дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Як сол пеш хабар омад, ки режими нави Толибон иштибоҳан ба ҳисоби бонкии сафорати Афғонистон дар Душанбе қариб як миллион доллар пул гузарондааст. Баъдан вазорати молияи Толибон аз Ағбар  хост, ки ин пулҳоро баргардонад, вале ӯ розӣ нашуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button