Муҳоҷирон

АЗ АВВАЛИ СОЛ ДАР ВИЛОЯТИ САРАТОВ 55 ДОМОДУ 32 АРӮСИ ТОҶИК ИЗДИВОҶ КАРДААНД

Дар вилояти Саратови Русия дар 9 моҳи аввали соли 2022 дар байни домодҳову арӯсҳои хориҷӣ ду ҷои аввалро домодҳову арӯсҳо аз Озарбойҷон ва Тоҷикистон гирифтаанд.

Юлия Пономарёва, сардори идораи ЗАГС вилояти Саратов дар нишасти хабариаш гуфт, аксари домодҳову арӯсҳои хориҷӣ аз кишварҳои СНГ буда, аз аввали соли 56 домод ва 36 арӯс аз Озарбойҷон, 55 домоду 32 арӯс аз Тоҷикистон ва 46 домоду 19 арӯс аз Ӯзбекистон дар вилояти Саратов издивоҷи худро расман сабт кардаанд. Як сол пеш дар Саратов дар ҷои аввал домодҳову арӯсҳо аз Арманистон қарор доштанд, вале имсол аз Арманистон ҳамагӣ 26 домод ва 19 арӯс дар вилояти Саратов ақди никоҳ бастаанд. Ҳамин тавр, аз аввали соли ҷорӣ 25 домоду 12 арӯс аз Қазоқистон бо сокинони Саратов издивоҷ кардаанд.

Хонум Пономарёва гуфт,  ҳамчунин дар Саратов имсол 15 домод аз Миср, 11 домод аз Ироқ, 7 домод аз Олмон ва 4 домод аз Украина бо арӯсони маҳаллӣ издивоҷ кардаанд. Дар байни домодҳои хориҷӣ шаҳрвандони кишварҳое, чун Гурҷистон, Исроил, Тунис, Камерун, Урдун, Туркия ва Британияи Кабиру Алҷазоиру Юнону Сербистон ва ҳатто аз Япония, Судон, Латвия, Литва ва Руминия низ будаанд. Дар байни арӯсҳои хориҷӣ шаҳрвандони Молдова, Малайзия, Юнон, Беларус, Украина ва ҳатто аз Афғонистон ҳам ҳаст.

Дар умум, соли 2022 дар вилояти Саратов шумори никоҳҳо бо арӯсони хориҷӣ 16 фоиз бештар ва дар айни замон шумори домодҳои хориҷӣ баракс 12 фоиз камтар шудааст.

 Аз ҳама “навхонадорон”-и кӯҳансол як арӯси 85-сола ва як домоди 86-сола буда, арӯси аз ҳама ҷавон 16 ва домоди аз ҳама ҷавон ҳамагӣ 17 сол доштаанд.

Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Дар солҳои охир дар никоҳҳои байналмилалӣ дар Русия як раванди дигар низ рӯ ба афзоиш овардааст. Шумораи арӯсон ва домодҳо аз кишварҳои асосии муҳоҷирфирист дар инҷо аз он ҳисоб ҳам меафзояд, ки бисёре аз муҳоҷироне, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ва фарзандони ин муҳоҷирон ба ҳамватанҳои худ издивоҷ мекунанд. Ин ҷуфтҳо маъмулан барои осонтар кардани шароити будубоши баъдии домод ё арӯс дар Русия кӯшиш мекунанд, ки ақди никоҳи худро дар идораҳои ЗАГСи ин кишвар расмӣ кунанд, на дар кишварҳои худ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button