ИқтисодТоҷикистон

БА КОРФАРМОИ ХИТОӢ БАРОИ МАРГИ КОРГАРИ ТОҶИК ЯК СОЛ МУҲЛАТИ САНҶИШӢ ДОДАНД

Додгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо ҳукми худ аз 13 майи соли 2022 шаҳрванди 50-солаи Хитой Гав Ан Фу, соли таваллудаш 1972-ро бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ки сабаби марги коргари тоҷики 38-солаи кони марбут ба ширкати “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” шудааст, бар асоси қисми дуюми  моддаи 190 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба як соли маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) маҳкум кард. Вале додгоҳ бар асоси моддаи 71-и Кодекси ҷиноятӣ, ин ҷазои сабукро ҳам нисбат ба ин шаҳрванди Хитой  ба иҷро нагузошт, балки онро ба ҳукми шартӣ табдил дода, барои Гав Ан Фу як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар кард. Муҳлати санҷишӣ ба ин маъност, ки агар ӯ дар ин муҳлат ягон қонуншикании дигар накунад, аз адои ҳукмаш пурра озод карда мешавад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21 майи соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт,  Гав Ан Фу, санаи таваллудаш  12 октябри соли 1972,  шаҳрванди Ҷумҳурии Халкии Хитой, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳаи Работ, ҳамчун сардори қитъа оид ба техникаи бехатарии ҶДММ “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” кор карда, қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳиро вайрон карда, аз беэҳтиётӣ сабаби марги як коргар шудааст.

Бино ба маводи парванда, Гав Ан Фу санаи 8 апрели соли 2022, тахминан соатҳои 14-00 ҳангоми иҷрои корҳои нақбканӣ ва насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда аз тарафи нақбкан Ҳасанов Ҷамшед Гулмуродович, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Марзичи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ, дар қитъаи зеризаминии №5-и кони Работ, уфуқи 1733 аз болои шифти нақб ҷинсҳои кӯҳӣ ғалтида, нақбкан Ҳасанов Ҷ.Г. дар зери онҳо монда, аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷои ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.

Мувофиқи хулосаи комиссияи тафтишотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз санаи 14.04.2022,  сардори қитъа оид ба техникаи бехатарии ҶДММ “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” Гав Ан Фу, бархилофи талаботи бандҳои 16, 24 ва 25-и “Қоидаҳои бехатарӣ дар шахтаҳои ангишт” амал намуда, ба кормандони нақбкан дар нақби ҳарораташ баланд дастури корӣ додааст.

Барои марги коргараш ба  як соли шартии маҳбаси сукунатӣ маҳкум шудани ин шаҳрванди Хитой дар ҳолест, ки қисми дуюми моддаи 190 барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои кӯҳӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, ҳамчун ҷазо то 5 сол зиндон ваё то 5 сол маҳдуд кардани озодиро пешбинӣ мекунад. Хитой дар солҳои охир ба як сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, тақрибан 1,4 миллиард доллар аз наздики 3 миллиард доллар қарзҳои хориҷии Тоҷикистон қарзҳои Хитой буда, истихроҷи маъданҳо дар даҳҳо кони Тоҷикистонро низ ширкатҳои хитоӣ ба даст гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Раиси ҷамоатеро барои 400-сомон 4-соли зиндон, И. Амонро барои 232-сомон 9-соли зиндон( ин ҳам нафаре ки ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик буд хизматҳои зиёде карда буд). 1000-ҳо чунин мисолҳои говсуд кардани худи тоҷикон дар Ватани худ ҷой дорад.
    Як дафъа тасаввур кунед, ки баръакси ин ҳодиса дар Хитой мешуд, шаҳрванди моро чи кор мекарданд?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button