Номаҳо ба президент

ВОКУНИШИ ВАЗОРАТ БА МАТЛАБИ “БОМДОД”: МУДИРИ ГИМНАЗИЯ БАЁНОТ ДОД

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар як вокуниши расмӣ ба матлабисомонаи “Bomdod.com”, ки рӯзи 28 апрел  бо номи “Мудири нав пули таҳсилро дар гимназия якбора дуюним баробар боло бурд” нашр шуд, боло бурдани нархи таҳсилро дар хонандагони Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқ кард, вале гуфт, нархи таҳсил аз 500 сомонӣ то 600 сомонӣ боло бурда шудааст, на то 1200 сомонӣ. Ва аммо волидоне, ки ба “Бомдод” шикоят карда буданд, баъди нашри вокуниши вазорат дигарбора ба гуфтаҳои худ пойфишорӣ карда, гуфтанд, ки мудир игимназия Ҷамшед Маҷидов дар маҷлис дар байни ҳама эълон карда буд, ки аз ин ба баъд барои таҳсили ҳар фарзандатон 1200 сомонӣ супоред.

Ҳатто баъди мутолиаи вокуниши вазорат, ин волидон аз идораи “Бомдод” гаштаю баргашта мепурсиданд, ки агар 1200 нею 600 сомонӣ бисупоранд, кӯдаконашонро аз гимназия ихроҷ нахоҳанд кард?

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм

ВОКУНИШ БА ШИКОЯТИ “МУДИРИ НАВ ПУЛИ ТАҲСИЛРО ДАР ГИМНАЗИЯ ЯКБОРА ДУЮНИМ БАРОБАР БОЛО БУРД”

28-уми апрели соли ҷорӣ дар сомонаи “Bomdod.com” ва шабакаҳои иҷтимоӣ зери унвони “Мудири нав пули таҳсилро дар гимназия якбора дуюним баробар боло бурд” нашр шуд, ки аз ҷониби кормандони Вазорати маориф ва илм мавриди омӯзш ва пайгирӣ қарор дода шуд.

Дар мақола аз номи як гурӯҳ волидони хонандагони Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ шикоят шудааст, ки гӯё маблағи солонаи таҳсил дар ин муассиса “500 сомонӣ буд, вале мудири нави гимназия Маҷидов Ҷамшед Суннатуллоевич яке якбора пули таҳсилро то ба 1200 сомонӣ боло бурд. Ба болои ин пули тармим 100 сомонӣ, пули либоси мактабӣ 200 сомонӣ, барои қабул кардан ба мактаб то аз 1500 то 2000 сомонӣ надодем, қабул накарданд…”

Зимни санҷиши муассиса ва суҳбат бо директори он маълум гардид, ки нархномаи хизматҳои иловагии пулакӣ дар гимназия барои соли таҳсили 2021-2022 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол 600 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо чанде аз волидон, дигар факту далелҳои дар мақола дарҷгардида тасдиқи худро наёфтанд.

Дар робита ба мақолаи нашршуда баёноти директори муассиса низ гирифта шуд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба таваҷчуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки дар сурати ба миён омадани проблемаву мушкилот ё дучор шудан бо ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ метавонанд ба “Телефони боварӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 227-76-86 тамос гиранд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button