ВидеоНомаҳо ба президент

МУДИРИ НАВ ПУЛИ ТАҲСИЛРО ДАР ГИМНАЗИЯ ЯКБОРА ДУЮНИМ БАРОБАР БОЛО БУРДААСТ

Ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Ба вазири маорифи Чумҳурии Тоҷикистон  Раҳим Ҳамро Саидзода

Мо, волидони хонандагони Гимназияи тоҷикӣ-русии  ба номи А.С Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ, аз Шумо бо эҳтироми тамом хоҳиш менамоем, ки пеши роҳи ин масъаларо гиред.

Пули ин мактаб солонааш 500 сомонӣ буд, вале мудири нави гимназия  Маҷидов Ҷамшед Суннатуллоевич яке якбора пули таҳсилро то ба 1200 сомонӣ боло бурд. Ба болои ин пули тармим 100 сомонӣ, пули либоси мактабӣ 200 сомонӣ, барои қабул кардан ба мактаб то аз 1500 то 2000 сомонӣ надодем, қабул накарданд…

Мо барои ин ҳама аз куҷо пул биёбем? Аз бархе оилаҳо то 3 нафар дар ин гимназия таҳсил мекунанд, онҳо чӣ кор кунанд?

Вале мудири мактаб дар маҷлис дар посух ба шикоятҳои волидон дар мавриди миёншикан шудани нархи таҳсил ҷавоб дод, ки касе намехоҳад, фарзандашро бигирад ва ба ягон мактаби дигар барад. Боз бо овози баланд мегӯяд, куҷое мехоҳед, рафтан гиред!

О наход мудири мактаб бо волидон бо чунин лаҳни бидуни эҳтиром ҳарф занад?

Аз вақте ки Маҷидов мудири гимназия шуд, қариб 10 тан аз омӯзгорони ботаҷриба аз кор рафтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ!

Муҳтарам Раҳим Ҳамро!

Аз Шумо хоҳиш мекунем, дар ин масъала ба кумаки мо бирасед. Фарзандони мо ҳоло ҳайрон мондаанд, намедонанд, ки соли оянда дар куҷо таҳсил хоҳанд кард?

Якбора дуюним баробар боло бурдани нархи таҳсил зарбаи сахт аст ба волидон. Магар ин аз бонк қарз бигирем.

Бо эҳтиром,

Волидони хонандагони Гимназияи тоҷикӣ-русии  ба номи А.С Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button