Дин ва боварҳоФарҳанг

АГАР ИМОН МЕБУД…

Абдуллоҳи Раҳнамо

Бо табрики иди саид

***

АГАР ИМОН МЕБУД

Агар имон мебуд,

Зиндагӣ содаву осон мебуд,

Чеҳраи халқ дурахшон мебуд,

Суфраи халқ пур аз нон мебуд,

Ин замин равзаи ризвон мебуд,

Агар имон мебуд.

Дастҳо мавҷи тараҳҳум мешуд,

Чашмҳо ғарқи табассум мешуд,

Кинаву бухлу ҳасад гум мешуд,

Ростӣ пешаи мардум мешуд,

Хок ҳам тахти Сулаймон мебуд,

Агар имон мебуд…

***

Иштироки ширк бо имон аҷаб,

Ихтилофи шайх бо Қуръон аҷаб.

Эътимоди халқ бар ҷодугарӣ,

Бутпарастии мусулмонон аҷаб.

Деҳаи худро ҷаҳон пиндоштем,

Аз ҷаҳондории аҷдодон аҷаб.

Ориёӣ мардикорӣ меравад,

Аз табори Рустами Дастон аҷаб.

Файласуфи ришвахор эҷоди мост,

Эй зи Афлотуну аз Юнон аҷаб!…

Олими нодидамактабро кӣ дид?

Нашри донишномаи нодон аҷаб.

Маҳфили рўҳониён бе рўҳ шуд,

Бӯи нон аз ҳалқаи ирфон аҷаб.

Дар хиёбон ишқ савдо мешавад,

Достони ишқи саргардон аҷаб…

Гирдгардон аст авзои ҷаҳон,

Хуни ҳайвон дар раги инсон аҷаб.

Чашм бикшо, такягоҳи хеш бош,

Ин умеди хом аз ООН аҷаб…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button