ВидеоҶомеа

ВКД ВИДЕОИ ЗАНОЗАНИИ ЯК ҶАВОНУ ЯК ДУХТАРРО ДАР БОЗОРИ “САХОВАТ” НАШР КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” видеои лаҳзаи занозании як духтари 19-соларо бо як ҷавони 18-сола дар назди бозори “Саховат” –и шаҳри Душанбе нашр кард. Дар навор дида мешавад, ки дар ин занозанӣ духтар фаъолтар ба назар мерасад ва бо шаст ба тарафи ҷавон ҳамла карда, ба таги чашми ӯ як мушти обдор мезанад. Ҷавон ҳам ба навбати худ ба духтар ҳамла карда, ӯро чанд мушт мезанад, вале ҳар дафъа аз тарафи духтар ба ҳар зарбаи задааш посухи ҷавобӣ мегирад. Чанд нафар талош мекунанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, вале наметавонанд.

Бино ба иттилои мақомот, ин ду нафар:
1. Шарифов Фаридун Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 06.05.2003, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Деҳотӣ;

2. Ҳабибуллозода Дилноза Неъматҷон, санаи таваллудаш 12.07.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш санаи 11-уми апрели соли 2022, тахминан соати 13:30, дар кӯчаи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар назди бозори «Саховат» барои як сабаби ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар баробари истифодаи алфози қабеҳ ҳамзамон якдигарро зери латту кӯб қарор додаанд.

Видеои занозании онҳо дар Интернет нашр шуд ва мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.
  Бо назардошти навори лаҳзаи муноқишаи номбурдагон ва пурсиши шоҳидони ҳодиса нисбат ба ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми майдаавбошӣ протокол тартиб дода шуд. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Шарипов Фаридун ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардида, Ҳабибуллозода Дилноза ба 6 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button