ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДА ҶИПИ “ТОЙОТА”-РО ДАР РӮИ РОҲИ ПИЁДАГАРД ГУЗОШТААСТ

Яке аз сокинони Душанбе бо ирсоли як сабти видеоӣ ба  идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод”  хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 23 апрел, ронандаи як мошини гаронбаҳои  ҷипи тамғаи “Тойота” мошинашро дар назди бинои маркази савдо ва хидматрасонии “Садбарг” дар рӯи роҳи пиёдагард гузошта, ба равуои мардум халал эҷод мекард.

Ин сокини фаъол  рақамҳои давлатии ин мошини ҷипро ҳам ба навор гирифтааст: 73 24 DO 01.

Ӯ аз мақомоти корҳои дохилии пойтахт хост, то нисбат ба ин ронанда барои беэҳтиромӣ нисбат ба пиёдагарон ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат чораҳои қонунӣ бияндешанд.

https://youtube.com/shorts/fz0njaZmuY4

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button