ВидеоТоҷикистон

ҶОЙИВАЗКУНИИ МАНСАБҲО: НОМ БА НОМ (6 АКС)

 Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон матни қарору фармонҳои тағйироти кадрии рӯзи 27 январро нашр кард.  Тавре аз ин санадҳо бармеояд, аксари раисони барканоршуда, ба истиснои шаҳрдори ҳамакнун собиқи Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва муовини раиси “Барқи Тоҷик” Мавҷуда Холиқзода, ки ба нафақа гусел карда шуданд, ба мансабҳои нав таъйин шудаанд.

Аз ҷумла Мирзо Исмоилзода, ки  ҳамроҳи се муовинаш Мавҷуда Холиқзода, Муҳаммад Ғуломзода ва Муҳаммадумар Асозода аз роҳбарии ширкати “Барқи Тоҷик” барканор гардид, билофосила ба ҷои Амирзода раиси шаҳри Ваҳдат таъйин шудааст. Асозода, ки то ҳол муовини аввал Исмоилзода буд, ба ҷои ӯ раиси нави “Барқи Тоҷик” таъйин гардид.

Шарифҷон Ҷумъазода аз мақоми раиси шаҳри Ҳисор барканор ва билофосила раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин шудааст. Қосим Роҳбар, ки то кунун раёсати ин кумитаро ба дӯш дошт, бо Ҷумъазода ҷой иваз карда, раиси шаҳри Ҳисор таъйин шудааст.

Сунъатулло Саидзода, ки муовини мудири хоҷагии Дастгоҳи президент буд, ба ҷои Музаффар Сулаймонзода (Абдиев) шаҳрдори нави Роғун таъйин гардида, Хайриддин Усмонзода ба ҷои Хуршед Зиёӣ раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин гардида,  Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон ва Полша озод карда шуд. Имомуддин Сатторов, ки аз дипломатҳои собиқадори тоҷик аст ва аз соли 2013 то 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия буд, аз он пеш алакай чандин сол сафири Тоҷикистон дар Берлин буд.

Ҳамин тавр, Мирҳаёт Ёқубзода аз мақоми муовини раиси Бонки миллӣ, Ҷамшед Табарзода аз мақоми мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Амирхон Қурбонзода аз мақоми муовини аввали шаҳрдори Душанбе озод карда шудаанд. Табарзода билофосила муовини аввали Рустами Эмомалӣ дар шаҳрдории пойтахт, Қурбонзода муовини раиси вилояти Хатлон таъйин гардида, Усмон Давлатзода ба мақоми мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйин карда шудааст.

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ду рӯз боз идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январ Сулаймон Зиёзодаро муовини сарвазир ва Саъдӣ Каримзодаро ба ҷои ӯ вазири кишоварзӣ таъйин карда, ҳамчунин раисони нави шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Аштро таъйин кард. Рӯзи 26 январ ҳамчунин Зариф Мирдадо ва Даврон Зоҳидзода муовинони раиси вилояти Суғд таъйин шуданд.

Таъиноти кадрӣ   27.01.2022

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки
миллии Тоҷикистон озод намудани Ёқубзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ёқубзода Мирҳаёт Миробид аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№327

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия
озод намудани Ғайратшо С.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№328

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Зиёӣ Х.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зиёӣ Хуршед Махшул бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№329

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳали
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қосим Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосим Роҳбар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№330

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Ваҳдат озод намудани
Амирзода Р. А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амирзода Раҳмоналӣ Амир бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№331

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Роғун озод намудани
Сулаймонзода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сулаймонзода Музаффар аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№332

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Ҳисор озод намудани
Ҷумазода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷумазода Шарифҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№333

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия
таъин намудани Сатторов И.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сатторов Имомуддин Мирзоевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№334

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои
иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҳамзамон Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№335

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонзода Х.У.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Усмонзода Хайриддин Усмон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№336

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи рушди маҳали назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумазода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷумазода Шарифҷон раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№337

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Ваҳдат таъин намудани
Исмоилзода М.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Исмоилзода Мирзо Иброҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№338

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Роғун таъин намудани
Саидзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидзода Сунъатулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№339

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Ҳисор таъин намудани
Қосим Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қосим Роҳбар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№340

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №6
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Исмоилзода М.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №7
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Асозода М.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Асозода Маҳмадумар Шамсулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №8
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Холиқзода М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холиқзода Мавҷуда бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №9
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Ғуломзода М.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғуломзода Муҳаммад Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №10
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори генералии Корхонаи
воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
озод намудани Табарзода Ҷ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Табарзода Ҷамшед Авзал бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №11
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» озод намудани Раҳимзода С.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимзода Сайфидин Исмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №12
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Асозода М.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №13
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Қурбонзода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №14
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии Корхонаи воҳиди
давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
таъин намудани Давлатзода У.Г.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Усмон Гул директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №15
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» таъин намудани Ғаффорзода Ҷ.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №16
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» таъин намудани Ҷабборзода Х.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷабборзода Хуршед Бурӣ муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ

аз 27 январи соли 2022 №2-ф
ш. Душанбе

Сатторзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саидзода Сунъатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№АП-152

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button