ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

САНГРЕЗӢ ДАР РӮШОН. РОҲИ РӮШОН-БАРТАНГ МУВАҚҚАТАН БАСТА ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар дод, ки боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии кишвар ва гарм шудани рӯзҳои ахир хатари лағзиши тарма ва резиши сангро бештар кардааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатарнок боқӣ мемонад.

Чунончӣ, 25 январи соли 2022, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ, дар деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти КҲФ, дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шудааст ва бо талоши кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёт корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Муваққатан ба минтақаҳои тармахез чорвочаронӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезум ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нараванд.

Рафтан ба соҳили дарёҳову кӯлҳо ва обанборҳо низ ба қасди моҳидорӣ чандон бехатар нест.

КҲФ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button