ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

СОКИНОНИ ҚИРҒИЗИСТОН МОШИНЕРО, КИ БА ВОРУХ БОР МЕБУРД, САНГБОРОН КАРДААНД (ВИДЕО)

Сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон рӯзи 20 январ як мошини боркашро, ки аз Исфара ба ҳудуди ҷамоати Ворух маҳсулот мебурд, мавриди сангборон қарор додаанд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шардории Исфара хабар дод, ки сокинони Қирғизистон ба мошини КАМАЗи шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламов дар ҳудуди деҳаи Оқсой ҳамла   овардаанд ва дар натиҷаи сангборон тиреза ва чароғҳои мошинро зада шикастаанд. Худи ронанда бошад осеб дид”, навиштааст Зубайдулло Шомадов дар саҳифааш дар Фейсбук.

Ӯ ин ҳамларо “иғвобарангезона номида, навиштааст, “ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд.”

Ҷониби Қирғизистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст, вале гуфта мешавад, ки ин ҳодиса рӯзи 21 январ дар мулоқоти намояндагони ниҳодҳои марзбонии Исфара ва Бодканд баррасӣ мешавад.

Ҷамоати Ворух дар натиҷаи чандин бор аз нав буридани марзҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон аз чор тараф дар дохили қаламрави ноҳияи Бодканд монд ва ягона роҳи байни Ворух ва Хоҷаи Аъло, нахустин нуқтаи аҳолинишин дар марзи Тоҷикистон аз ҳудуди деҳаи Оқсой мегузарад. Сокинони Оқсой ҳар дафъа, дар пайи ноором шудани вазъ дар марзи ду кишвар роҳи Ворухро мебанданд ваё барои равуои мошинҳо ва мардуми Ворух монеа эҷод мекунанд.

Бар асоси тавофуқе, ки баъди ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2021 ба даст омад, қарор аст, аз Хоҷаи Аъло то Ворух роҳе сохта шавад, ки  аз дохили Оқсой ва дигар нуқоти аҳолинишини Қирғизистон нагузарад.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button