ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ТАЪХИРИ ПАРВОЗҲО ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ БА САБАБИ ТОРМЕҒ (ТУМАН)

Рӯзи 20 январ тормеғ ё тумани ғафсе, ки осмони Душанберо пӯшондаст, сабаби дасти кам то соати 14 ба таъхир афтодани парвозҳо аз фурудгоҳи байналмиллии Душанбе шудааст. Дар фурудгоҳ ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” гуфтаанд, ки ба далели обу ҳавои номусоид дар пойтахт фурудгоҳ барои ҳам қабулу ҳам парвози ҳавопаймоҳо баста шуд.

“Спутник” менависад, ба далели номусоидии обу ҳаво фурудгоҳи Душанбе натавонистааст 3 парвозро аз Маскавро қабул кунад. Ҳама ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Хуҷанд равона карда шуданд. Инҳо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русии UtAir мебошанд, ки аз Внуково, ва ширкати “Уралские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский парвоз карданд. Ҳавопаймои сеюм, ки аз ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” буда, аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе парвоз мекард, низ ба фурудгоҳи алтернативӣ рафтааст.

Ҳамин тавр, парвозҳо аз Душанбе ба Дубай, Истанбул, Маскав ва ҳама самтҳои дигар ба таъхир афтодаанд. Тибқи нишондоди тоблуҳои иттилоотӣ парвоз ва қабул, ҳадди аққал то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ ба таъхир афтодаанд.

Аз ҷумла, ду парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Flydubai ва Somon Air ба Дубай,парвози  ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines ба Истанбул ва парвози ҳавопаймои ширкати UtAir ба Маскав ба таъхир гузошт шудаанд.

Илова бар ин, мусофирони ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ва ҳавопаймои Nordwind Airlines аз Нижний Новгород мунтазири иҷозати парвоз ба Душанбе будаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 20 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Рӯзона бебориш шуда, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм,  рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button