Ҷомеа

МӮСАФЕД БО “МОСКВИЧ” ДАР РОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА ҶИПИ “ПРАДО”-РО ЗАД. КАППААШ СӮХТ?

Ин қисса дар бораи ҳиммати баланди ронандаи ҷипро Ҷамолиддин Фахриддин дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст.

Ҷамолиддин Фахриддин

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

#АШКИ ШОДӢ

Чанд рӯзи пеш вақте аз Қӯрғонтеппа ба Душанбе меомадем, дар роҳ издиҳоми зиёди мардумро дидему мошинро нигоҳ доштем, то фаҳмем чӣ гап аст? Бинем, ки як «Москвич» бо «Прадо – 4» бархӯрдааст ва қисми пеши мошини «Прадо» дар замин кашол аст. Маълум шуд, ки садама бо айби ронандаи Москвич, ки як мӯйсафеди тахмин 65 – 70-сола буд, рух додааст.

Ба чеҳраи мӯйсафед нигоҳ мекардем, манаҳаш дарк-дарқ меларзид, шояд дар фикри таъмири мошин ё пардохти зарарӣ овардааш буд, ки аз куҷо маблағ меёбаду мошинро таъмир мекунад ва ё аз тарси садама.

Ронандаи Прадо – 4, ки зоҳиран як ҷавони 35-40-сола менамуд, гирди мошинаш чарх мезаду зери лаб чқ-чқ мекард, ки зарари калон дидааст. Дастонашро дар ҷайбаш карду тарафи муйсафед омаду гуфт: Бобои Ҳоҷӣ, хайр кори шудагӣ шуд, чӣ қадар пул медиҳӣ барои мошинро соз кардан?

Ҳама хомӯшӣ.

Мӯйсафед, бачам, як ҳазор сомонда соз мешавад, агар шавад рафта аз ягон ҷой қарз мекунам ё мошинамро мефурӯшаму пули таъмиртонро медиҳам.

Соҳиби Прадо гуфт, охир ин мошини шуморро кӣ мехарад ва чанд пул мефурӯшед?

Мӯйсафед, – Вақтам диҳед бачам, ҳеҷ кас, ки нахарид дар оҳанпора месупораму пули шуморо оварда медиҳам.

Соҳиби Прадо – Мӯйсафед, чихел кардед, ки як мошини калонро надидиву омада дар фукамон задӣ?

Мӯйсафед, – бачам мисле, ки фишорам каме баланд шуду чашмонам мавҷзад дигар хуб идора карда натонистам. Лекин Худо хоҳад қарзу қавола карда як бало карда мошинатро соз мекунам. Фақат гӯед дар чанд сум соз мешавад?

Баъзеҳо пичир-пичир доштанд, ки «каппаи мӯйсафед дуд кард ва намедонад, ки як бамперу фарҳои ин мошинҳо чӣ қадар кимматанд…»

Дар ҳамин лаҳза гӯё офтоб аз тарафи дигар баромаду соҳиби Прадо рангу рӯяш тағйир ёфту дар китфи мӯйсафед якто заду гуфт, бобӣ, худат чӣ кораӣ ва фарзандҳо ҳастанд?

Муйсафед, – Ҳамроҳи кампрам нафақахӯрам ва як писар дорам,дар муҳоҷират аст.

Инро гуфту аз чашмонаш ашк сарозер шуд ва бо оби чашм суханашро идома доду гуфт: – Бачам, инашро фикр накунед, ҳеч ки нашуд хонаамро мефурӯшаму мошинатро соз мекунам.

Ҷавон як табассум карду гуфт: Бобои ҳоҷӣ, медонед чӣ? Худораҳматии падари мора ҳама аз рӯи дасти бахайраш мешинохтанд, мо ҳам фарзанди ҳамон мардакем.

Мӯйсафед, ки обҳои чашмашро пок мекард, ҷавон гуфт, рӯятонро тарафи қибла кунеду дар ҳаққи раҳматии қиблагоҳам як каф дуо намоед. Ман ҳамаи зарари овардагитро бахшидам, худам мошинро таъмир мекунам.

Аммо, кор ба ин тамом нашуд ва аз одамҳои атроф пурсид, ки мошини мӯйсафед дар чанд сомонӣ соз мешавад? Яке гуфт дар 200 – 250 сомонӣ ранг мекунанд. Боз аз ҷайбаш 300 сомонӣ бароварду ба мӯйсафед дод, ки рафта мошинашро ранг кунад.

Дар чунин ҳолат аксар мардуми онҷобуда, бо садои эй қандатро зану офарин ба ҷавонмардию ҳимматбаландияту Худо хайрат диҳад, гӯён баробари муйсафед ашки шодӣ рехтанд.

Зиҳӣ, чунин ҷавонмардони ҳимматбаланд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button